Пайвандҳои дастрасӣ

Ибрози нигаронии сафири Амрико аз вазъи Осиёи Марказӣ


Кеннет Гросс, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе, аз хатари ташдиди низоъи қавмӣ дар Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ кардааст. Кеннет Гросс имрӯз зимни нишасти хабарие дар Душанбе ҳамчунин гуфт, кишвараш саъй хоҳад кард, то ноамнӣ дар Осиёи Марказӣ доман паҳн накунад: "Чун эҳтимоли сар задани муноқишаҳои қавмӣ дар тамоми кишварҳои минтақа вуҷуд дорад, табиист, ки ин масъала ҳамаи моро нигарон мекунад." Кеннет Гросс афзуд, ҳукумати Амрико дар амри мушоҳидаи вазъи Қирғизистон, аз назари башарӣ ва ҳамчунин эҳтимоли густариши низоъ бо ҳукумати Тоҷикистон аз наздик ҳамкорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG