Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СБП: Шарики Талко дар оффшори Бритониё бояд аудит шавад


Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон

Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон

Сандуқи байнулмилалии пул мегӯяд, ба дунболи аудити корхонаи "Талко" дар Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти шарики ин корхона – ширкати "Талко-менеҷмент", ки дар минтақаи оффшори Бритониё номнавис шудааст, низ бояд таҳқиқи молӣ шавад.

Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бидуни аудити ширкати «Талко-менеҷмент» наметавон дар бораи фаъолияти корхонаи "Талко" ва муҳосиботи молии он иттилои дурусту дақиқ дарёфт кард.

Ҷаноби Моерс дар ин нишасти хабарӣ ба суоли радиои Озодӣ, ки ож зарурати аудити чанд ширкати дигари дар минтақаи оффшори Бритониё номнависшуда ва ба корхонаи "Талко" вуҷуд дорад ё на, гуфт, «воқеан ҳам дар ин минтақаи оффшор ҳамчунин ширкатҳо ҳастанд ва қаблан бо корхонаи алюминиюми Тоҷикистон робита доштанд. Вале ба далели он, ки ин ширкатҳо хусусиянд, мо наметавонем аудити онҳоро талаб кунем ва дар бораи аудити ин ширкатҳо бояд давлати Тоҷикистон худаш тасмим бигирад».

Ба суоли дигар дар мавриди он, ки оё ширкати «Талко-менеҷмент», ки дар минтақаи оффшор номнавис шудааст, ба кӣ тааллуқ дорад, намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул гуфт, «то ҷое ман иттилоъ дорам, де-факто ширкати "Талко-менеҷмент" давлатӣ ҳисоб мешавад".

Ҳамчунин Люк Моерс гуфт, ки натиҷаи аудити корхонаи "Талко" бояд моҳи декабри соли гузашта мунташир мешуд. Вале ҳамон тавре, ки ин ширкат сабаби дермониро дар расонаҳои хабарӣ гуфтааст, бастагӣ ба он дорад, ки як ширкати мустақили дигар ба масъалаи фурӯш ва воситаҳои истеҳсолот дар ин корхона расидагӣ мекунад. Ва пас аз гирифтани натиҷаи баррасиҳои ин ширкат, натиҷаи аудит равшан хоҳад шуд ва он бояд чоп шавад.

Дар ин нишасти матбуотӣ ҳамчунин масоили кумакҳои молӣ ба Тоҷикистон матраҳ шуд. Ва Люк Моерс гуфт, ки дар чанд соли ахир Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ бештар бо усул ва шеваҳои додани грант ба Тоҷикистон кор мекунанд, на балки ба шеваи қарздиҳӣ ба ин кишвар. Ба гуфтаи вай, ин ҳам ба далели заифии иқтисоди Тоҷикистон ва таъсири бӯҳрони сартосарӣ ба ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG