Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ӯзбакистон қаторҳои Эронро ба Сангтӯда-2 роҳ дод


Бино ба гузоришҳо, Ӯзбакистон иҷоза додааст, то қаторҳои масолеҳи лозим барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ба Тоҷикистон ворид шавад. Хабаргузории “Азия Плюс” мегӯяд, 17 қатори пурбор ба Сангтӯда-2 расидааст ва мутахассисонро низ барои идомаи кор дар нерӯгоҳ аз таътили иҷборӣ фаро хондаанд. Пештар аз ин давлати Эрон ба Ӯзбакистон таҳдид кард, ки дар сурати иҷоза надодани қаторҳои эронӣ ба Тоҷикистон, бо Ӯзбакистон низ чунин рафтор хоҳад кард, ки рӯзона то 150 қатори боркашаш аз хоки Эрон убур мекардааст. Ӯзбакистон мегӯяд, зарфияти маҳдуди роҳи оҳанаш намегузорад, то қаторҳои Тоҷикистонро саривақт ба кишвар роҳ диҳад. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Ӯзбакистон, ки мухолифи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ба ин шева ва хилофи қонунҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро таҳти фишор қарор додааст.
XS
SM
MD
LG