Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони "Бурҷи Саффаринӣ" дар Душанбе оғоз шуд


Ширкати меъморию сохтмонии «Аднан Саффарини»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ба корҳои таҳқиқотию геологӣ барои оғози сохтмони «Бурҷи Саффаринӣ» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз намуд.

Ин бино дар шафати Кохи Борбад сохта мешавад. «Бурҷи Саффарини» бинои замонавии 18 ошёнае хоҳад буд, ки дафтари намояндагии ин ширкат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин, дафтарҳои кори шикратҳои гуногуни сохтмонӣ ва тиҷоратиро дар бар хоҳад гирифт.

Дар ороиши намои умумӣ ва пештоқу даромадгоҳи бино аз унсурҳои ҳунар ва меъмории суннатии тоҷикон васеъ истифода шудааст.

«Аднан Саффарини» аз мӯътабартарин ширкатҳои лоиҳакашӣ, меъморӣ ва сохтмонии муосир ба ҳисоб меравад. Бурҷҳои осмонхароши кишварҳои Қатар, Қувайт ва Дубай аз ҷумлаи корҳои сохтмонии анҷомдодаи ин ширкат мебошанд.

Гуфтанист, «Аднан Саффарини» муаллифи тарҳи масҷиди бузурги Душанбе мебошад, ки қарор аст барои ҳудуди 150 000 намозгузор дар пойтахти Тоҷикистон сохта шавад.
XS
SM
MD
LG