Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш аз бӯҳрони Қирғизистон ба Шӯрои Амният


Як мақоми баландпояи Созмони Милал мегӯяд, танишҳо дар ҷануби Қирғизистон, маҳалли низоъҳои хунини қавмӣ ҳамчунон зиёд аст. Оскар Фернандез-Таранко, дастёри Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал дар як ҷаласаи паси дарҳои баста дар Шӯрои Амният гуфтааст, агарчӣ вазъ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод ором шудааст, аммо нигаронӣ аз бархостани хушунатҳои нав вуҷуд дорад. Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал, дар ин ҳамоиш гуфтааст, бӯҳрони Қирғизистон кори дохилии ин кишвар аст ва давлати Қирғизистон бояд чораи онро ёбад. Муноқишаи қирғизу ӯзбакҳо дар аввали моҳи июн дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод бо марги бештар аз 200 нафар ва бехонумон шудани садҳо ҳазор нафар анҷомид.
XS
SM
MD
LG