Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ бонуи ӯзбакро дар Ӯш рабуданд


Панҷ узви кумиссиёни маҳалии интихобот дар шаҳри Ӯши Қирғизистонро рӯзи чаҳоршанбе рабуда ва баъди муддати кӯтоҳе раҳо кардаанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, он панҷ нафар бонувони ӯзбак будаанд ва ҳангоми бозгашт аз як давраи омӯзишӣ аз тарафи афроди номаълум рабуда шуданд. Аз гурӯҳи шаш нафарӣ, яке аз онҳо фирор карда ва доир ба ҳодиса ба пулис хабар додааст. Доир ба ҳуввияти одамрабоён ва иллати раҳоии занони ӯзбак чизе гуфта нашудааст. Бо вуҷуди вазъи фавқуллода дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод, давлати муваққати Қирғизистон мехоҳад, барои ислоҳи Қонуни асосӣ рӯзи 27 июн баъд раъйпурсии умумӣ баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG