Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Набуди чопхонаҳои муосиру пуриқтидор, расонаҳои ғайриҳукуматии хабарӣ, дастрасӣ ба манобеи алтернативии ахбор, дастгоҳҳои рақамии телевизионӣ, норасоии кадрҳои ҳирфаии журналистӣ дар расонаҳои хабарӣ. Ин ҳама аз камтарин мушкилотеанд, ки феълан расонаҳои электронӣ ва чопии вилояти Хатлонро гирифтор кардаанд.

АДАМИ ДАСТРАСӢ БА МАНОБЕИ АЛТЕРНАТИВИИ АХБОР

Набуди дастрасӣ ба манобеи алтернативии ахбор дар шаҳру навоҳии водии Вахш, фикр мекунам, дар миёни аҳолӣ гуруснагии иттилоотиро ба бор овардааст.

Бо ин вуҷуд ки феълан дар қаламрави вилояти Хатлон наздик ба 40 нашрияи сатҳи маҳаллӣ ва вилоятӣ сабтином шудаанд, танҳо ҳудудан 2 ё 3 нашрия ба таври мунтазам ва он ҳам ҳафтае як маротиб рӯйи чоп мебинанд. Гузашта аз он, муассиси аксари кулли нашрияҳо ҳукуматҳо ё маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошанд ва табиист, таҳаввулоти минтақа ё ноҳияро ба он сурат инъикос мекунанд, ки «хоҷагон»-ашон мехоҳанд.

Мутаассифона, дар мавриди вазъи кунунии расонаҳои хабарии вилояти Хатлон намешавад бо оҳанги қаноатмандӣ сӯҳбат кард. Сарфи назар аз ин ки феълан дар қаламрави вилоят даҳҳо нашрия ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ фаъолият доранд, ҳамоно дастрасии аҳолӣ ба иттилоот, бахусус иттилооти алтернативӣ, маҳдуд мебошад. Гап сари он аст, ки ба иттилои раёсати адлияи вилояти Хатлон, муассисони қариб тамоми нашрияҳои мавҷуда мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо буда, асосан функсияи сухангӯ ё таблиғгари фаъолиятҳои ҳукуматҳои маҳаллиро иҷро мекунанд.

Гузашта аз ин ҳама, аксари нашрияҳои маҳаллӣ имрӯзҳо ба гоҳнома табдил ёфта, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо солона ҳамагӣ 4-5 шумора ба табъ мерасанду халос.

Дар сатҳи вилоятӣ метавон ҳафтаномаҳои «Дӯстлик», «Новый Хатлон», «Хатлон» ва «Ҳамрози Халқ»-ро мисол овард, ки ба ҷузъ «Ҳамрози Халқ», боқӣ ҳафтаномаҳои вилоятӣ ҳар ҳафта нашр мешаванд.

Ба мавзӯъ ва мӯҳтавои ин рӯзномаҳо ҳам баҳои мусбат додан мушкил аст. Ҳарчанд нашрияҳое ҳастанд, ки ҳайати эҷодиашон аз 8-14 нафар иборат аст, матолиби ба қавле эксклюзив тақрибан ба нашр намерасанд, таҳлили амиқ, пажӯҳишҳо, таҳқиқотҳои сотсиологӣ, репортажҳои тасвирӣ ва мисли ин анҷом дода намешавад.

Бештар ин рӯзномаҳо он чизеро, ки ҳукумат мехоҳад, ба нашр мерасонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин рӯзномаҳо тариқи обуна нашр мешаванд ва мардум бо пули худ онро харидорӣ мекунанд ва табиист, ин рӯзномаҳо бояд хостаҳо, интизориҳо ва аз дардҳои худи аудиторияашон сӯҳбат кунанд. Аммо мо мебинем, ки саҳифаҳои аввалу дуюму саввум, гоҳо мешавад, ки тамоми рӯзнома бо матолиби ҳукуматӣ ё ҳисоботҳои қолабӣ пур мешаванд.

Ҳамоно саҳифаҳои аввал дар аксар нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии Хатлон дар қолаби муайяне тарроҳӣ шуда, аксҳои саҳифаи аввал низ бетағйир боқӣ мемонанд, чун бештар аксҳои шахси аввали мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар он якранг нашр мешаванд. Табиист, ки хонандаи имрӯза бо завқи калон ин рӯзномаҳоро хонда наметавонад, ё намехоҳад.

КАМЧИНИИ НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛ ВА НАБУДИ ЧОПХОНАҲОИ МУОСИР

Ҳоло дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон танҳо як ҳафтаномаи мустақиле бо номи «Пажвок» фаъол аст, ки аҳён-аҳён шумораҳои онро дар дасти хонандагони маркази вилоят вохӯрдан мумкин аст. Ин нашрияро САҲА кӯмаки фаннӣ мерасонад, дизайнаш хуб аст, дар чопхонае дар Душанбе ба нашр мерасад.

Воқеан, қариб 80 дарсади нашрияҳои ноҳиявӣ ва вилоятии Хатлон дар чопхонаҳои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба чоп мерасанд. Ноширони рӯзномаҳо мегӯянд, ба табъ расидани рӯзномаҳо дар Душанбе харҷи маблағҳои зиёдро дар пай дорад, аммо чораи дигари сарфакорӣ ҳам вуҷуд надоштааст, чун ягона чопхонаи Қӯрғонтеппа, ки аз замони шӯравии собиқ ба мерос мондааст, барои нашри босифати рӯзномаҳо нотавон будааст.

Бо чопи нашрияҳои минтақаӣ дар матбааҳои Душанбе, ҳам нашрияҳо харҷи изофӣ мекунанд ва низ молиёт аз истеҳсолоти чопӣ берун аз қаламрави Хатлон меравад. Ҳар ҳафта тай намудани садҳо километр роҳ ба ҷониби Душанбе, барои ноширони рӯзномаҳои маҳаллӣ хароҷоти қобили мулоҳиза дар пай дорад.

Масъулони ягона матбааи аз замони шӯравӣ ба меросмондаи Қӯрғонтеппа мегӯянд, имкони фаннии чопи рӯзномаҳои беш аз 4-саҳфаӣ ва теъдоди нашраш зиёда аз ҳазор нусхаро надоштаанд.

Ва аксари кулли ин нашрияҳо танҳо ба дасти обуначиёнашон мерасанд, ки ғолибан ҳама кормандони муассисаҳои давлатӣ мебошанд, яъне шаҳрвандони қаторӣ амалан ба нашрияҳои маҳаллӣ дастрасӣ надоранд.

Дӯсти давраи мактабхониам Манучеҳр мегӯяд, мазмун ва мӯҳтавои нашрияҳои маҳаллӣ ӯро қонеъ намесозад ва ӯ назар ба обунаи гаронбаҳо ба нашрияҳои ҳукуматӣ, ба истифода аз интернет авлавият медиҳад.

Мутаассифона, дар вилояти Хатлон ғайр аз нашрияи «Пажвок» дигар рӯзномаи ғайриҳукуматӣ мавҷуд нест, ки мисли дигар рӯзномаҳои даврии кишвар хабару мақолаҳои алтернативиро пешкаши хонандаи худ гардонад. Дар маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа ду соли пеш ягона ҳафтаномаи ҷамъиятии «Бомдод» аз фаъолият бозмонд ва муассисонаш дар шарҳи қазия гуфтанд, ки бо сабаби мушкили молӣ наметавонанд рӯзномаро ба нашр расонанд. Воқеан лоиҳаи «Бомдод» аз ҷониби САҲА маблағгузорӣ шуда, баъдан бинобар пайдо шудани нобовариҳо ва гуногунандешиҳо миёни масъулини САҲА ва муассисони ҳафтанома «Бомдод», нашрия маблағгузорӣ нашуд.

Бо ин ҳама, дар таъсису рушди матбуоти мустақил вобастаи бурсдиҳандаю грантдиҳандаҳо шудан хуб нест. Расонаҳои мустақил бояд талаботи тамошобин ва хонандаи худро омӯзанд, муайян кунанд, ки аз кадом роҳ метавон ба дили хонанда роҳ ёфт. То хонандаи имрӯз 1,5 сомонии худро барои харидории ин рӯзнома дареғ надорад.

Мутаассифона, расонаҳои маҳаллии имрӯз амалкунанда ҳам ҳамин гуна таҳқиқотҳои сотсиологӣ доир карда наметавонанд ва намекунанд, назари хонандаи худро намеомӯзанд. Ин яке аз нуктаҳои заъфи масъулини расонаҳо дар минтақа мебошад.

БАРХӮРДИ НОСОЛИМИ МАҚОМОТ БА МАТОЛИБИ ТАНҚИДӢ

Мушкили дигар дар соҳаи матбуоти вилоят ин бархӯрди ҳукуматдорон ба матлабҳои таҳлилию интиқодӣ мебошад. Чанде аз расонаҳои марказӣ, ки дар вилоят намояндагони худро доранд, андак-андак, ба таври номукаммал, ҳафтае як маротиба мавзӯеро аз таҳаввулоти водии Вахш пешкаши хонандагон мегардонанд, аммо ҳамоно баъзе аз масъулини ҳукуматҳои маҳал матлабҳои интиқодиро, ё матлабҳое, ки таҳлилӣ ҳастанд ва танҳо воқеиятро бозгӯ мекунанд, чандон хуш қабул намекунанд. Мутаассифона, то имрӯз мансабдороне дорем, ки таҳаммули шунидани ҳарфи воқеиятро надоранд. Ва он чи аз воқеият гуфта мешавад, танқид аз ҳукуматҳои алоҳида ё амалдорони алоҳида мешавад, онҳо бо дард қабул мекунанд.

Умуман, ба вилояти Хатлон, ки дорои қариб 2 миллиону 600 ҳазор аҳолӣ мебошад, ҳафтае тақрибан 80-90 ҳазор нусха рӯзномаҳое дастрас мешаванд, ки мардум ба он обуна шудаанд. Ҳамчунин тариқи шахсони алоҳида ҳар ҳафта ҳудуди чандсанд ҳазор нусха рӯзномаҳои марказии ғайриҳукуматӣ ворид мешаванд, ки хонандагон онҳоро бо пули нақд харидорӣ мекунанд.

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ҶОЙГОҲИ ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ АФҒОНИВУ УЗБАКӢ

Ҳукумати вилояти Хатлон дар робита ба фазои иттилоотии қаламрави ҷануби Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Ба моҳномаву гоҳнома табдил ёфтани нашрияҳои маҳаллӣ, на дар ҳама мавзеъи ҷануби кишвар қобили пахш будани мавҷҳои шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва вилоят, дастрасии саривақтӣ ва комил надоштани аҳолӣ ба манобеъи ахбор аз мушкилоте унвон мешаванд, ки боиси ташвиши ҳукуматдорони Хатлон гаштааст.

Чанде пеш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба раисони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотии қаламрави вилоят таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Раҳбарони шаҳру навоҳии Хатлон муваззаф шуданд, ки барои чопи ҳарҳафтаина ва босифати нашрияҳои маҳаллӣ мусоидат кунанд. Аммо беҳбудӣ ба назар намерасад.

Дар солҳои ахир нашрияҳои ноҳиявӣ мунтазам ба табъ намерасанд, дар баъзе навоҳӣ нашрияҳои маҳаллӣ ҳамагӣ се-чор маротиба дар як сол рӯйи чопро мебинанд, ки бисёр нороҳаткунанда аст. Ҳамчунин сифати чоп ва мӯҳтавои матолиби ин нашрияҳо низ беҳбуд мехоҳанд.

Ва аммо ба моҳномаву гоҳнома табдил ёфтани нашрияҳои шаҳриву ноҳиявӣ дар Хатлон мушкили ягона нест. Дастрас набудани мавҷи шабакаҳои телевизиони давлатии Хатлон ва ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои дурдаст ва навоҳии наздимарзӣ низ, ба гуфтаи мақомот, амнияти иттилоотиро халалдор месозад.

Тибқи маълумотҳои ба дастомада, дар вилояти Хатлон пахши мавҷҳои телевизионҳои «Шабакаи якум», «Баҳористон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа Ширкати Телевизион ва радиои мустақили «Қӯрғонтеппа», дар ноҳияи Восеъ «Мавҷи Озод», дар шаҳри Кӯлоб ТВ «Кӯлоб» ва дар сатҳи вилоят Аммо мавҷҳои ин телевизионҳо то ба баъзе аз навоҳии сарҳадии вилоят намерасанд.

Дар чанд соли қабл ҳукуматдорон аз сӯҳбат дар мавзӯи амнияти иттилоотӣ худдорӣ мекарданд, аммо феълан ин мушкил ба ҳадде доғ шудааст, ки тақрибан дар ҳар ҷаласаи ҳукумати Хатлон дар иртибот ба он баҳсу баррасӣ сурат мегирад.

Сокинони рустоҳои навоҳии ҳаммарз бо Узбакистон – Шаҳритусу Носири Хусрав аз он шикоят мекунанд, ки барномаҳои телевизиони Хатлон дар маҳалли зисташон қобили тамошо нестанд. Танҳо Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистонро тамошо карда метавонанд. Ба сабаби сифати пасти барномаҳо онҳо моил мешаванд ба тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизионии «Ёшлар», ва «Тошканд-1». Ба ин восита, беихтиёр онҳо таҳти таъсири фарҳанги бегона қарор мегиранд. Масалан, забони давлатӣ - забони тоҷикиро дар баъзе нуктаҳо ва маҳалҳои аҳолинишини ин навоҳӣ ё хуб намедонанд ё аслан балад нестанд…

МАВҶИ ТВ ХАТЛОН НАМЕРАСАД, ТВ УЗБАКИСТОН ЗИНДА БОД?

Дар баробари ин ки нашрияҳои маҳаллӣ дар Хатлон моҳе як ё ҳадди аксар ду маротиб ва бо теъдоди ночиз чоп мешаванд, ҳоло барномаҳои телевизиони давлатии Хатлонро, ки дар ҷануби кишвар алтернатива надорад, танҳо дар қаламрави 14 ноҳия тамошо кардан мумкин аст. Пас аз тариқи шабакаи алоҳида ба эфир баромадани барномаҳои ТВ Хатлон минтақаи фарогирии мавҷҳои телевизион маҳдуд шуда, аҳолии беш аз 10 шаҳру ноҳияи вилоят, асосан навоҳии наздимарзии Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Мӯъминобод аз тамошои барномаҳои телевизиони Хатлон маҳруманд. Ба гуфтаи масъулини кумитаи телевизион ва радиои вилоят, барои фарогирии бештари қаламрави вилоят фиристандаҳои қавӣ лозиманд, аммо, ба сабаби адами маблағи кофӣ харидории чунин фиристанда ва дастгоҳҳои иловагӣ ба он берун аз имкон мебошад. Барои харидорӣ ва насби чунин фанноварӣ сарфи беш аз ду миллион сомонӣ зарур будааст.

Мақомоти Хатлон таъкид мекунанд, ки ба хотири таъмини амнияти иттилоотӣ барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон қабл аз ҳама дар навоҳии наздимарзӣ бо Афғонистону Узбакистон қобили пахш бошанд.

Бо қарори раиси вилоят Ғайбулло Авзалов, ояндаи наздик барномаҳои ТВ «Хатлон» бояд тариқи моҳвора пахш шаванд. Воқеан, ин ваъдаро собиқ раиси вилоят Амршо Миралиев ҳам дода буд, ҳанӯз 4-5 сол муқаддам…

Ҳамин тавр, дар ҳоле ки масъулин нақшаҳои пешбинӣ намудаи худро бобати фарогирии фазои иттилоотии вилояти Хатлон бо шабакаҳои радио ва телевизион комилан амалӣ накардаанд, дар навоҳии сарҳадии вилоят маънавиёти мардумро идеологияи бегона тасхир мекунад. Хуршед Сафаров, муттахассиси соҳаи радио ва телевизион, ки чанд сол боз дар пайи гирифтани литсензия барои пахши Радиои ҷамъиятии «Насими Вахш» овора аст, мегӯяд, ки вақти он омадааст, то масъулин барои таъсиси шабакаҳои радио ва телевизионҳои маҳаллӣ дар навоҳии дурдаст монеаҳоро бартараф созанд. Зеро мавҷҳои шабакаҳои сартосарии кишвар дар ноҳияҳои сарҳадӣ фаъол нестанд ва маънавиёти мардуми сарҳадро бештар барномаҳои радио ва телевизионҳои кишварҳои ҳамсояро пур мекунанд, ки ин оқибатҳои нохуб дорад. Гарчанде ки шахсони алоҳида метавонанд ширкатҳои радио-телевизионии хусусиро таъсис диҳанд, аммо дар Тоҷикистон гирифтани «литсензия» имконнопазир шудааст.

Агар проблемаи нарасидани мавҷҳои расонаҳои электронии кишвар то ба навоҳии дурдаст як паҳлӯи масъала бошад, мушкили дигар ин аст, ки шабакаҳои телевизионии мо хостаҳои мардуми маҳалро бароварда намесозанд. Яъне ногоҳии худи мардум аз воқеоту рӯйдоду таҳаввулоти Тоҷикистон ва вилояти Хатлон бештар ба он вобаста аст, ки расонаҳои Хатлон худ наметавонанд, ки фазои иттилоотиро пур кунанд.

ТВ-ҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ЗАВҚИ ТАМОШОБИН

Масалан, Уғулой Комилова, як сокини ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, азбаски аксар аз барномаҳои шабакаҳои телевизионии тоҷикӣ ба завқи ӯву аҳли хонаводааш мувофиқ нест, дар хонадонаш бештар барномаҳои телевизиони давлатии Узбакистон барои тамошо ихтиёр мекунанд. Азбаски ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав бо ҷануби Узбакистон ҳаммарз мебошанд, дар қаламрави ин навоҳӣ амвоҷи бархе аз телевизионҳои узбакӣ қобили дастрасӣ ҳастанд.

Коршиносон мегӯянд, барномаҳои телевизиони минтақаӣ низ аз лиҳози сифат ва мӯҳтаво беҳбуд мехоҳад ва бештар ба таблиғи фарҳанги ғайритоҷикӣ машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Шаҳритус, дар 210-километрии ҷануби Душанбе, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба эҳсоси нигаронӣ аз халалдор шудани амнияти иттилоотӣ дар минтақа ва бо ҳадафи иттилоотонии мардуми навоҳии марзӣ бо ҳодисаву рӯйдоди кишвар ва фарҳанги миллӣ, қарор аст, ояндаи наздик дар Шаҳритус як телевизиони минтақаии тоҷикӣ таъсис дода шавад. Дар воқеъ, ифтитоҳи як телевизиони ҷадид, бавижа дар навоҳии ҳаммарз бо Узбакистон бисёр саривақтист, чун бе он ҳам феълан вазъи расонаҳои минтақаӣ бас ташвишовар аст.

Бо ин ҳама, рақобатнопазир будани барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон, ҳамчунин дастнорасоии расонаҳои чопӣ дар навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон ва Узбакистон, ба он сабаб шудааст, ки шабакаҳои телевизионии кишварҳои ҳамҷавор дар миёни сокинони маҳаллӣ аз маҳбубияти бештар бархурдор аст.

Ва ҳамоно аҳолии 2,5 млн-нафараи вилояти Хатлон бештар он хабареро вобаста ба таҳаввулоти вилоят мешунаванд, ки ҳукумат мехоҳад ва аз тариқи ТВ, радио ва рӯзномаҳои худаш ба нашр мерасонад. Мардум ба манбаъҳои дигари ахбор дастрасӣ надоранд.

Ба сурати умум, имрӯз натанҳо коршиносон, балки мардум ҳам аз мазмуну мӯҳтавои хабару мақолаҳое, ки дар ВАО-и маҳаллӣ нашр мешавад, қаноатманд нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG