Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Покистон панҷ шаҳрванди Амрикоро барои тарҳрезии хамлаҳои террористй ва ҷамъоварии сармоя барои созмони мамнӯъи ҷангӣ маҳкум ба зиндон кард. Амркио гуфтааст, ки ба ҳукми додгоҳи Покистон арҷ мегузорад.

Додгоҳи шаҳри Саргодҳа онҳоро дар барқарор намудани робита бо ҷангиён аз тариқи иэмайл ва тарҳрезии ҳамлаҳои терористӣ дар қаламравӣ Покистон ва хориҷ аз он муҷрим донист.

Рано Бахтиёр, муовини додситони кулли вилояти Панҷоб ва намояндаи ҳукумати ин вилоят дар мурофиаи догоҳӣ гуфт, ҳамаи айбдоршавандагон бо ду иттиҳом махкум шуданд ва аммо ин мӯҳлатҳоро онҳо дар як замон сипарӣ хоҳанд кард:

“Имрӯз додгоҳ дар мавриди ин парванда тасмим гирифт ва тибқи ҳукми додгоҳ ҳамаи панҷ нафари муҷрим маҳкум шуданд. Ҳар яки онҳо даҳ солӣ барои як иттиҳом ва панҷсолӣ барои иттиҳоми дуввум гирифтанд”.

Илова бар ин ҳар яки онхо бояд 820 доллари амрикои ҷарима пардохт кунанд. Мурофиаи додгохии Умар Фаруқ, Вақар Ҳусайн, Рами Замзам, Аҳмад Абдулоҳ Минӣ ва Аммон Ҳасан Ёммер аз моҳи март ба ин сӯ, пушти дарҳои бастаи додгоҳи зиддитерористии Саргодҳа идома дошт.

Онҳо моҳи декабр ҳамагӣ чанд рӯз баъди вурудашон ба Покистон боздошт шуда буданд. Бино ба гузоришҳо онҳо моҳи ноябр аз иёлати Вирҷинияи Амрико ғайб заданд. Ду нафари онхо покистониуласланд, волидайни се тани дигар аз Миср, Яман ва Эритрея ба Амрико омадаанд.

Ба гуфтаи додгустар, номаҳои электронии онхо ҳокист, ки мехостанд бо ҷангиёни мухолифи хукумати Покистон робита баркарор кунанд ва ҳамроҳ бо онҳо ҳамлаҳои террористй анҷом диҳанд.

Маҳкумшудагон гуноҳро ба гардан нагирифтанд ва гуфтаанд, ки мехостанд барои анҷоми корҳои башардӯстона аз тариқи Покистон ба Афғонистон сафар кунанд.

Онҳо Бюрои тафтишотии Амрико (Эф Би Ай) ва полиси Покистонро дар тақаллуби парвандаи ҷиной ва шиканҷаҳо айбдор намуданд. Ва аммо мақомоти расми ин иттиҳомотро рад карданд.

Вакилони мудофеь ва додситонӣ аз ҳукми догоҳ изҳори ноқаноатмандӣ карда гуфтаанд, ки ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат хоҳанд кард.

Ричард Снелзиер, сухангӯи сафорати Амрико дар Покистон изхор намуд, ИМА ба тасмими додгоҳи Покистон арҷ мегузорад.
XS
SM
MD
LG