Пайвандҳои дастрасӣ

Бекназаров: Мавзӯъи пойгоҳи нави Русия матраҳ нашудааст


Муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон изҳор намуд, ки мақомоти Русия мавзӯъи имкони бунёди пойгоҳи нави низомӣ дар вилояти Ӯшро баррасӣ накардаанд. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин вокуниши Азимбек Бекназаров ба матлабе дар нашрияи “Независимая газета”, чопи Маскав аст, ки дар он, бо ишора ба манобеъи низомии Русия, дар бораи нияти Маскав барои бунёди пойгоҳи нави низомӣ дар ҷануби Қирғизистон сухан меравад. Муаллифи гузориш Владимир Мухин ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иттилоъ воқеъист ва вазорати дифоъи Русия музокирот бо раҳбарони Қирғизистонро баъд аз анҷоми раъйпурсӣ оид ба тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистон шурӯъ хоҳад кард. Раъйпурсӣ рӯзи 27 июн доир мешавад.
Айни ҳол Русия ва ИМА дар канори Бишкек пойгоҳҳои низомии худро доранд.
XS
SM
MD
LG