Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Отунбоева барои ширкати фаъолона дар раъйпурсӣ


Раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки дар раъйпурсӣ оид ба тарҳи нави Қонуни асосии кишвар ширкат кунанд. Қарор аст, ки раъйпурсӣ рӯзи 27 доир шавад. Шоми дирӯз зимни паём ба мардуми Қирғизистон хонум Отунбоева гуфт, "мо хуб дарк мекунем, ки раъйпурсӣ дар давраи душвор ва хушунатбор баргузор мешавад. Нерӯҳои тахрибкор хостори тағйироти воқеъӣ нестанд, онҳо талош карданд, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро фурӯзон кунанд. Нерӯҳои алоҳида имрӯз ҳам кӯшиш мекунанд, ки раъйпурсиро ноком созанд, то ки зери дигар номҳо дубора сари қудрат биёянд ва ғорати мардумро идома диҳанд".
Роза Отунбоева ваъда дод, ки барои эътидоли ҳарчӣ зудтари вазъ дар ҷануби кишвар аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад. Бар асари задухӯрдҳои қавмӣ миёни қирғизҳову ӯзбакҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон беш аз 260 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG