Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар як вазоратхонаи Юнон


Бар асари таркиш дар бинои вазорати ҳифзи шаҳрвандони Юнон дар шаҳри Афина як корманди полис ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, таркиш чанд қадам дуртар аз дафтари кори вазир Михалис Криссохоидис рух дод ва аммо ба вазир осебе нарасидааст. Тибқи иттилоъи пешакӣ, маводи тарканда дар қуттии амонатие ҷой шуда буд, ки афроди ношинос унвонии вазорат фиристода буданд. Тафтиши ҳодиса идома дорад. То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Георгиос Папандреу, сарвазири Юнон, ин ҳамлаи террористиро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG