Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2010: Имрӯз бозиҳои гурӯҳӣ хатм мешаванд


Дар сабқати Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Африқои ҷанубӣ дирӯз дастаи Ҷопон аз болои дастаи Дания бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд ва ба сафи дастаҳое пайваст, ки талошро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон идома медиҳанд. Дирӯз соҳиби қаблии Ҷоми ҷаҳон – дастаи Италия дар бозӣ бо дастаи Словакия бо ҳисоби 2 ба 3 мағлуб шуд ва аз имкони идомаи мубориза маҳрум монд.
Имрӯз дар охирин бозиҳои гурӯҳӣ дастаҳои Португалия ва Бразилия, Кореяи Шимолӣ ва Кот-д’Ивуар, Чили ва Испания, Швейсария ва Ҳондурас бо ҳам вориди сабқат мешаванд.
XS
SM
MD
LG