Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Италия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол


Дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Йоҳаннесбург қаҳрамони ҷаҳон, дастаи миллии Италия, аз дастаи Словакия ба ҳисоби 3:2 шикаст хӯрд. Словакия дар зергурӯҳи худ дар ҷои охир қарор дошт ва танҳо пирӯзӣ ба Италия имкон медод ширкаташро дар сабқат давом диҳад. Дастаҳои Иёлоти Муттаҳида, Олмон ва Нидерланд ба идомаи бозиҳо роҳхат гирифтаанд. Ҷопон барои ин танҳо ба як ҳисоби мусовӣ ниёз дорад. Дар бозии Парагвай ва Зеландияи Нав дар ин лаҳзаҳо ҳисоб баробар аст.
XS
SM
MD
LG