Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Молдова хуруҷи фаврии нерӯҳои Русияро талаб кард


Молдова фармон додааст, ки нерӯҳои Русия аз минтақаи ҷудоихоҳи он хориҷ шаванд. Президенти муваққатии Молдова Миҳай Ғимпу имрӯз фармоне имзо кард, ки аз Маскав хуруҷи "бе қайду шарт, фаврӣ ва шаффоф"-и нерӯҳои онро талаб мекунад. Нерӯҳои Русия дар минтақаи Соҳили Днестри Молдова баъд аз як низои мусаллаҳона, ки дар оғози солҳои 1990 ба вуқӯъ пайваст, истиқрор ёфтанд. Коршиносон бар инанд, ки нерӯҳои Русия худ ин низоъро дар дода буданд. Русия бино бар созишномае, ки бо миёнаравии САҲА дар соли 1999 ба имзо расид, мебоист, нерӯҳои худро аз ин ҷо то соли 2002 мебаровард, аммо ин ваъдаи худро ба иҷро нарасонд.
XS
SM
MD
LG