Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори ҷанги мардон бар дӯши занон


Имсол аз замони имзои созишномаи сулҳ миёни ду нерӯи разманда 13 сол пур мешавад. Аниқтараш аз он рӯзҳои мудҳиш ва саҳифаҳои талхи таърихи миллат, ки бо номи "Ҷанги шаҳрвандӣ" ёд мешавад.

(Ба муносибати 13 -умин солрӯзи Сулҳи Тоҷикистон)

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 25 ҳазор зан ҳамсарони худро аз даст дод ва 65 ҳазор кӯдак бесаробон монд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз он дар Тоҷикистон ҳамчун ҷанги "бародаркӯш" низ ном мебаранд, камари иқтисодиётро шикаст, ҳамсояҳои ба ҳам дӯстро дар ду сангар қарор дод ва ҳазорон нафарро бадбахту бехонумон кард.

Занҳо дар Тоҷикистон гила мекунанд, ки ҷангро мардҳо шурӯъ карданд, вале талхии онро аз ҳама бештар занҳо чашиданд. Занҳои тоҷик низ ҷанги шаҳрвандиро низоъи таҳмилӣ мехонанд ва мегӯянд, ҳоло низ қабули ин ҳақиқат душвор аст, ки дӯст битавонад ба ин осонӣ душман шавад ва ҳамсоя - қотил. Тоҷикистон вақте ба ду майдон ва ду ҷабҳаи ба ҳам муқобил ҷудо шуд, ки занҳо акнун дар сиёсат фаъол мешуданд, ҳақшиносӣ мекарданд ва даъвои давлатдорӣ доштанд. Аммо ин бедорӣ ва марҳилаи рушд кардани занон дар ҷомеа бо садои тирҳои аввал, қурбониҳои аввал ва оҳу фиғони мардум аз байн рафт. Дигар даводаву гурозогурез, таъқибу таҳқир ва ҷонбозиҳо шурӯъ шуд.

Рӯзгори ҷонсӯзу маргситез

Зарафо Раҳмонӣ, масъули бахши фарҳанги ҲНИТ, мегӯяд, аз он рӯзҳо хотироте дорад, ки ҳар вақт ба ёд биёрад, то дергоҳ ба худ намеояд. Хонум Зарафо мегӯяд, ки солҳои 90-ум дар совхози «Вахш»-и Қурғонтеппа дар минтақаи даргири Тоҷикистон зиндагӣ доштааст. Ӯ ва бо зану бачаҳои ҳамсоя борҳо аз дами теғи аҷали силоҳбадастон гузаштааст.

Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд: «Шаб хоб будем садо омад, ки хезед, ки омаданд. Мо ҳамсояҳо дар чанд тележка савор шуда, ду рӯзу як шаб то Душанбе расидем, вале барои ворид шудан иҷоза надоданд. Дар ин тележкаҳо занону кӯдакону пирону барҷомондагон буданд. Моро ба сарҳади Ӯзбпкистон ба Регар бурданд. Се моҳ зиндагӣ кардем дар хонаи яке аз хешовандони дурамон. Баъдан болои мардуми онҷо таҳдид карданд, ки дар хонаи касе гурезаҳо аст, берун кунед. Ҳудуди 300 нафар пиёда ба роҳ баромадем ва дар як толори варзишии мактаб ҷо шудем. Баъдан барои мо 3 автобусу ду мошинҳои калон омаданд. Яроқбадасте гуфт, ки дар ин мошинҳо барои шумо кӯмакҳо аст. Вақте ба хонаҳои хуб баргардед, ба шумо дода мешавад. Вақте ба маркази Қурғонтеппа баргардониданд, мардонро аз занҳо ҷудо карданд. Мусаллаҳон гуфтанд, ки шумо куҷо мегурезед, ин мошинҳои калон барои шумо кӯмак нест, инҷо марги шумо аст. Дар онҳо силоҳ аст. Моро дубора ба ҳамон автобусҳо шинонида ба роҳамон баргардониданд. Дар роҳ ба мо гуфтанд, ки аз мошин фуроед. Ҳеҷ зан ҷуръати фуромадан намекард, зеро метарсиданд. Ронандаи автобуси мо гуфт, ки занҳо мошинҳое, ки моро ҳамроҳӣ мекунанд, иборат аз маводи кӯмак нестанд. Дар инҳо яроқ аст барои нобуд кардани шумо ва автобусро низ, агар нафуроед, метарконанд. Фикр кунед, ки вақт мегузарад. Баъди ин мо ҳама занҳо фуромадем ва тарафи Душанбе роҳсипор шудем. Чунки дигар илоҷ надоштем, ҷони моро ронандаҳои автобус аз дами тир раҳо карданд. Баъдан дарак ёфтем, ки мардони аз мо ҷудо кардаро ҳамаро як ҷо бо таври ваҳшиёна куштаанд...»

Қурғонтеппа – маркази задухӯрдҳо

Қурғонтеппа, яке аз шаҳрҳои ободтарин дар ҷануби кишвар ба майдони задухӯрди гурӯҳҳои даргир табдил шуд. Дар задухӯрдҳо аз вазнинтарин силоҳ истифода шуд ва навоҳии минтақа ба харобазор табдил ёфт. Мардум дар гурез буд. Аммо ҷойе барои гурез надошт. Ягона роҳ ба сӯи Афғонистон буд, ки рӯдхонаи пурхуруши Панҷ онро аз Тоҷикистон ҷудо мекард.

Занону кӯдакон ва пиронсолон ҷон дар кафи даст ба сӯи рӯдхонаи Панҷ давиданд. Ин рӯдхона даҳҳо паноҳандаро ба коми худ фуру бурд. Аммо наҷотбахши даҳҳо ҳазори дигар буд, ки ба қаламрави Афғонистони ҳамсоя гузаштанд. Теъдоди паноҳандагони тоҷик дар Афғонистони ҳамсоя 150 ҳазор гуфта мешуд. Аммо онҳое ки панҷ солро дар хаймаҳои паноҳандагон сипарӣ карданд, ин рақамро ба маротиб бештар шумурдаанд.

Ҳанифа, яке аз дигар ҳамсӯҳбатони мо, мегӯяд, ки хонаводаи онҳо низ иҷборан тарки ёру диёр кард. Ҳанифа мегӯяд, ки наздикону ғамшарикон он рӯзҳоро бо ашки бесадо ёд мекунад. Ҳанифа қисса мекунад, ки бо пайвандонаш ду кӯдаки кӯчак ва тифли яксола дар даст дар кӯҳҳои баланди Тавилдара паноҳ бурданд. Хонум Ҳанифа мегӯяд, шаби таҷлили зодрӯзи духтари яксолааш охирин дидори шавҳар ва оромии хонаводаашон будааст. Ва инак бо гузашти 12 сол хонаводаи онҳо ҳанӯз дар мотами 8 ҷавонмарди ин хонадон нишастааст.

Хонуми Ҳанифа бо алам мегӯяд: «Шавҳарамро бади ҳамон рӯзи таваллуди духтарам дигар надидем. Ӯ ва бародаронашро дар кӯҳҳои Тавилдара аз гушнагиву тарс сармо зад ва дар ҳамон ҷо мурданд. Аз хонаводаи шавҳари ман 8 мард танҳо аз сардӣ ва гуруснагӣ дар кӯҳҳои Тавилдара мурданд. Ҳатто маргашро надидем. Дар ин ҷанг беш аз 50 нафар аз хешу аборро аз даст додем.»

Зиндагӣ зери чоҳ, оташсӯзии духтарон

Ба фарқ аз Қурғонтеппа дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ бо шеваҳои дигар ҷараён гирифт. Аммо ҷанг дар ҳамаи манотиқ як чеҳра дошт, чеҳраи олуда ба ваҳшату тарс, ашку андӯҳ, таҷовузу таҳқир ва бохтҳои ҷуброннопазир. Ҷанг заъфпазир будани занҳоро бештар рӯшан кард. Аз як тараф тарси бадномиву таҷовуз ба номус, аз сӯи дигар талоши зистан занону духтаронро дар гирдоби ваҳшатнок нигоҳ медошт. Ба назари коршиносони масоили занон, бунёди никоҳҳои барвақти ҳамон солҳо гузошта шуд.

Дар минтақаи Қаротегин дар он шабу рӯз духтарони ноболиғро зӯран ба шавҳар медоданд ва ё кӯшиш мекарданд аз назари мардуми мусаллаҳ дур нигаҳ доранд. Нигина, як сокини Тавилдара, мегӯяд, ки ӯ чеҳраи ваҳшатноки ҷангро дар як фоҷеаи гушношунид кашф кард, ки ҳоло низ ба ёд овардани он манзара ӯро такон медиҳад ва аз зиндагӣ дилсард мекунад.

Ӯ қисса мекунад, духтари ноболиғро, ки аз амри издивоҷ бо як мусаллаҳ сарпечӣ кардааст, дар намаде печонида зинда ба зинда оташ заданд. Нигина ин ваҳшатро бо чашми худ дидааст. Ӯ мегӯяд, духтарон ва занонро дар ин минтақа дар зери чоҳ нигоҳ медоштанд. Нигина қисса кард, ки боре мусаллаҳон ба модари ӯ амр карданд, ки ғизо омода кунанд. Модар сарпечӣ кард ва марди мусаллаҳе ба пойи бачаи яксолаи ӯ тир кушод. Ҳоло бардораш аз он рӯзҳо ҷароҳат доштаву ранҷ мекашад.

Нигина мегӯяд: «Дар таги замин чоҳ канда буданд, ба ҳар як чоҳ ҳам утоқ карда буданд, барои мондани чароғ. Чанд оила, асосан занҳо ва кӯдакон, зери он будем. Чоҳ як дар дошт аз боло, онро низ мардон аз берун назорат мекарданд, болояш сангу хас мемонданд, ки мабодо силоҳбадастон нафаҳманд. Ду рӯз пас зане бо ҳамроҳии ду-се мард мерафт дар қишлоқ нон мепӯхт ва барои мо меовард. Даҳшат буд, духтарони ноболиғро никоҳ карда мегирифтанд, баъди як шаб боз сар медоданд. Модарон духтарони ҷавони худро сару либоси пирона ва рӯяшонро ҳарчи молида дар кӯҳҳо баҷо мекарданд».

Занони озодандеш ҳадаф қарор гирифтанд

Он солҳо ниқорситонӣ шиор буд ва ҳар нафаре, ки алами кӯчаке аз касе дошт, баробари дастрасӣ ба силоҳ аламҳои худро тоза мекард ва аз пайи қасос мешуд. Занҳои сиёсӣ ё фаъолони аҳзобу ҷунбишҳои демократӣ низ ҳадаф қарор доштанд. Ойниҳол Бобоназарова, яке аз чеҳраҳои саршиноси солҳои Тоҷикистон, мегӯяд, нерӯҳҳои озодандешӣ кишвар гумон доштанд, ки Тоҷикистон давлати демократӣ шудааст ва ин роҳ бебозгашт аст. Аммо баъдан фаҳмиданд, ки тай кардани ин роҳ чандон содда ва ҳамвор набудааст. Хонум Бобоназарова авоили солҳои 1993 бо иттиҳоми боздошт ва ҳабс шуд. Ҳарчанд мақомот барои боздошти ӯ далел надоштанд.

Вай мегӯяд: «Маро додситонӣ бе ягон далел боздошт кард, дар донишгоҳ дар вақти дарс. Вақте маро саволу ҷавоб мекарданд, ки дар фалон ҷо иштирок доштӣ, мегуфтам, ки далел биёред. Ҳатто наворҳои майдонро, ки амнияти онвақта ҳамаро сабт карда буд, оварданд. Дар ягонҷо маро наёфтанд. Зеро ман дар ягон майдон набудам. Фоҷеа ҳамин буд, ки ҳамаи кормандони додситонӣ шогирдони худам буданд. Ҳатто шарм мекарданд, хушбахтона озор надоданд. Баъди як моҳ озод карданд. Ҳатто маро бори дуввум барои Назрулло Дӯстов боздошт карданд. Ҳамон рӯзе, ки ман Дӯстов дар додситонӣ маро пурсуҷӯ мекард, бегоҳ касе қасд бар ҷони ӯ кард. Аз додситонӣ ба сари ман омаданд, ки дирӯз вай бо шумо рӯ ба рӯ шуда буд, шояд шумо қасд гирифтед. Ман рад кардам. Баъдан нафарони айбдор дар сӯиқасдро ёфтанд.»

Хонаводаи Нурӣ дар зери хайма

Ҷанг бар сари ҳама мусибат меорад. Руқияи Нурӣ, духтари бузурги Сайид Абдулоҳи Нурӣ, яке аз асосгузорони сулҳи тоҷикон, мегӯяд, хонаводаи онҳо низ гуреза шудаву аз Қурғонтеппа то ба Душанбе ва баъдан аз Душанбе то Помир чанд шабу рӯз пиёда роҳ рафтаанд. Вай меафзояд, шароити хонаводаи мо низ он солҳо аз мардум ягон бартарӣ надошт, онҳо низ дар қатори мардум ҷон дар каф гирифтаву бо тарсу ваҳм тарафи кӯҳистон роҳ пеш гирифтанд.

Руқия мегӯяд, ки модараш аз тарси силоҳбадастон дар роҳ аз хонаводаи Сайид Абдулоҳи Нурӣ будани худро ошкор намекард. Ва ягона ҳамсафари модар ва бародарону хоҳарони хурди ӯ дар он рӯзҳо модарбузургаш будааст. Ва баъди як моҳи пиёдароҳгардиву гуруснагиву тарсу фоҷеаҳо, модарбузургаш дар хоки Афғонистон аз дунё гузашт ва ҳоло мазораш онҷост.

Руқия пораеро аз рахти гурезогурези хонаводаашон чунин нақл кард: «Ба нақли модарам ва бародаронам, вақте онҳо Афғонистон рафтанд. падарам пайи нигоҳубини муҳоҷирони дигар будааст. Ҳатто бародарам Биҳиштӣ ба модарам гуфтааст, ки рафтем аз инҷо, бобом ба мо нигоҳ намекунад, дигаронро нигоҳ мекунад. Онҳо дар зери як хайма мисли дигар мардум ҷо гирифтанд. Вақте борон меборид, болои сари кӯдакон клёнка мегирифтанд ва аз як тараф оби клёнкаро бо эҳтиёт дар чизи дигар мерехтанд. Дар як хайма 7 нафар буданд».

Қисмати шӯри занҳо бар асари ҷанги шаҳрвандиро шоири мардумӣ Гулрухсор Сафиева дар китобе бо номи «Зан ва ҷанг» рӯи чоп овардааст. Дар ин китоб даҳҳо қиссаи талхи занҳо нашр шудааст, ки ҳар яке аз фоҷеаи худ мегӯяд. Қиссаҳое, ки дар якҷоягӣ фоҷеаи миллат унвон шудааст. Гулрухсор мегӯяд, ин қиссаҳоро аз занҳо шунидааст ва замоне рӯнавис кардаву дар китобаш нашр кардааст.

Аллаҳои талхи модарон ва набарди зиндагиву марг

Панҷ сол дар Тоҷикистон маргу зиндагӣ бо якдигар нирӯ озмуданд. Гоҳе яке гоҳе ва дигаре пирӯз мешуд. Дар солҳои ҷанг дар Афғонистон ҳудудан 15 ҳазор бача ба дунё омад. Табиист, ки яке ҷон медод ва дигаре ба дунё меомад. Набарди зиндагӣ ва марг шадид буд. Ҷойгоҳи холии гумгаштаҳо то андозе пур шуд. Аммо ин кӯдакон аз сар аз гоҳвора аллаҳои талхи модаронро шунида ва шири олуда ба андӯҳро аз пистони модар макидаанд. На модар аз кӯдак хуш буд на кӯдак аз модар.

Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд: «Вақте дар роҳ ба тарафи Фахробод мерафтем ва ҳама аз зиндагӣ умед канда будем. Занеро дарди кӯдак гирифту писар таваллуд кард. Аввалин кӯдакаш буд. Вай 10 сол боз дар интизори фарзанд будааст. Вай ночор кӯдакро дар хонаи як подабон дод ва гуфт, ки агар зинда монам,мебинамаш, агар не ба шумо бахшидам. Ва шумо ба вай ҳақиқатро гӯед.»

Нигина нақл мекунад, ки «таваллуди фарзанд дар зери чоҳро ҳатто дар филмҳо надидаам. Занҳо бо тарс таваллуд мекарданд, ки мабодо садои кӯдакро аз берун нашунаванд. Теъдоде, ки хуни нофашон дар чоҳ миёни мо зиёд, аммо аҳвол бад буд».

Дар пай ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ ба фарқ аз дигар манотиқ, занҳои минтақаи Рашт бештар шавҳарони худро аз даст доданд. Мӯътабари Раштӣ, раиси созмони «Оштии миллӣ», ки 13 сол инҷониб бо хонаводаҳои аз ҷанг осебдида кор мебарад, мегӯяд, ки дар пайи анҷоми як тадқиқот муайян шуд, ки 60 дарсади хонаводаҳои Рашт шавҳарони худро аз даст додаанд. Кор бо ин занҳо, ки одатан аз хонаводаҳои суннатӣ ва таҳсилнокарда буданд, душвор буд. Онҳоро ба сахти ба омӯзиши касбҳои косибӣ ҷалб мешуданд.

Аксарияти занҳое, ки бар асари ҷанг танҳо мондаву бори зиндагиро ба шонаҳои худ мекашиданд, имрӯз рӯ ба бозор овардаву савдогариро пеша кардаанд. Ин ҳам аз заҳмати созмонҳои ғайридавлатист, ки бо онҳо корро ба душвори ҳам буд ба роҳ монданд ва занҳоро аз миёни чаҳор девор бароварданд, мегӯяд хонум Раштӣ.

Мардум якдигарро бахшидаанд

Аз ҳамсӯҳбатон мепурсам, ки ният доранд, ки ин хотираҳоро ба хотири насиҳат ба насли бади рӯи саҳифа биёваранд. Зарафо мегӯяд, ки бо даст ёфтани фурсат албатта барои ояндагон, ки ба хотири қадру қиммати сулҳу салоҳи миллат бирасанд, рӯзгори давронии ҷанги худро гирдоварӣ хоҳад кард. Ба фарқ аз Зарафо Нигина ва Ҳанифа ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки ангуштонашон мадори навиштани он рӯзҳои фоҷеавиро надоранд. Нигина меафзояд, ки ҳоло ҳам мардум дар Тавилдара тарс доранд ва вақте, ки дар болои сари онҳо мабодо чархболе ба истилоҳ вертолёте намудор шавад, мардум гумон мекунанд, ки боз ҷанг сар шуд.

Ба суоли охирин, ки барои аз даст додани пайвандон нисбате минтақае ва ё нафаре дар дил кинаву кудрат доред, Нигина гуфт, мардуми Тавилдара танҳо ба ҷонҳои рафтаи фарзандону пайвандон афсӯс мехӯранд, аммо ба касе кина дар дил надоранд ва орому осуда ва дӯстона зиндагиро идома дода истодаанд.

Ҳанифа: «Касе нафрат дорад, мусулмон нест»

Ҳанифа, ки дар ин ҷанг шавҳару бародарш ва чандин хешутаборашро аз додаву то ҳоло зани танҳост ин ҳамаро аз хати тақдир медонад ва мегӯяд, ки дар дилаш заррае нисбати касе кина надорад. Ҳамаро бахшидааст. Вай гуфт: «Ман аз касе гила надорам. Худо хонаи касеро вайрон накунад. На аз кулобӣ, бадахшӣ ва на аз суғдӣ. Дуо мекунам, ки дигар ин хаторо миллат содир накунад. Ҳар нафаре, ки нисбати касе дар дил кинаву кудурат ва нафрат дорад, вай мусулмон нест. Ин ҷанг бояд моро ҳӯшмандтар карда бошад…..»
XS
SM
MD
LG