Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Килюннен хостори вуруди нерӯҳо ба Қирғизистон аст


Намояндаи махсуси Маҷмаи порлумонии Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо барои Осиёи Марказӣ, Киммо Килюннен дар бораи авзои куллӣ дар Қирғизистон, дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт:

"Авзоъ дар ҷануб батамом ором нест. Ҳарчанд, раванди бозгашт ба эътидол идома дорад, ҳанӯз мушкилоте он ҷо ҳаст. Ман худам ин чизро дидам. Ман фикр мекунам, хуб аст, агар нерӯҳои байнулмилалӣ он ҷо бошанд. На артиш, аммо полис, ки дар раванд ширкат карда тавонад ва ба беҳбуд дар ҷануби мамлакат мадад кунад."

Дар ҳамин ҳол мақомоти Қирғизистон мегӯянд, бахши аъзами фирориён ба вилоятҳои Уш ва Ҷалолобод баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG