Пайвандҳои дастрасӣ

В. Мухин: Нерӯи севвум дар Қирғизистон ҲИУ ва ИНОТ аст


Владимир Мухин, шореҳи низомии рӯзномаи "Независимая газета"

Владимир Мухин, шореҳи низомии рӯзномаи "Независимая газета"

Владимир Мухин, шореҳи низомии рӯзномаи "Независимая газета" чопи Маскав, бо такя ба манбаъҳои қобили эътимод дар ниҳодҳои интизомии Русия навиштааст, ки Маскав дар паи бунёди пойгоҳи дуввуми низомӣ дар Қирғизистон аст, ки бояд дар ҷануби ин кишвар мустақар шавад.

Муаллиф илова кардааст, ки дар иртибот бо бунёди пойгоҳ президенти Русия Дмитрий Медведев ба вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюков дастур додааст, ки ҳафтаи оянда музокирот бо ҷониби қирғизро оғоз намояд. Ҳафтаи гузашта хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия ҳам зарурати чунин пойгоҳи Русия дар Қирғизистонро таъкид карда буд.

Владимир Мухин дар мавриди ин тасмими Маскав мегӯяд: "Бубинед, дар Тоҷикистон ҳам пойгоҳ: воҳидҳои низомии Русия вуҷуд дорад-ку. Онҳо вазифаҳои дар наздашон гузошташударо иҷро мекунанд. Ҳамин хел дар Қирғизистон ҳам. Ин унсури назму субот мешавад. Шояд баъзе шаҳрвандони қирғиз соҳиби кор шаванд. Аз он ҷое, ки хадамоти федералии назорати маводи мухаддири Русия ҳам ба ин пойгоҳ таваҷҷӯҳ дорад, шояд дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қирғиз мубориза бо қочоқчиёну содироти маводи мухаддир дар ин кишвар раҳандозӣ шавад».

Суол: -Соли гузашта ҳам хабар пахш шуда буд, ки Русия бо Қирғизистон масъалаи бунёди пойгоҳи низомӣ дар ҷануби ин кишварро баҳс мекунад, вале баъд ҷонибҳо хомӯш шуданд.

В. Мухин: -Ризояти усулӣ дар мавриди бунёди пойгоҳи низомӣ ҳосил шуда буд ва мебоист дар моҳи январ созиш бо Қурмонбек Боқиев ба имзо расад, вале нооромиҳо ин музокиротро ба таъхир андохтанд. Ҳоло баҳси ин масъала маъно надорад, зеро ҳукумати Роза Отунбоева қонунӣ нест. Баъди референдуми рӯзи якшанбе, Худо хоҳад, музокироти расмӣ дар бораи пойгоҳ оғоз хоҳад ёфт.

Суол: - Муҳтарам Владимир Мухин, соли гузашта Узбакистон рӯирост ба бунёди пойгоҳ мухолифат кард ва шояд аз ин рӯ он ба таъхир афтод. Оё имсол мавқеи Узбакистон тағйир ёфтааст?

В. Мухин: -Ҳозир Русия аз Каримов намепурсад, ки чӣ кор кунад. Як дафъа ба паёми Каримов гӯш дода, баҳси масъаларо ба таъхир гузоштанд ва ҳоло натиҷаашро дидед. Агар дар он ҷо пойгоҳ мебуд, дар Ӯш хунрезӣ намешуд.

Суол: -Вале чаро вақте Роза Отунбоева аз Русия кумаки низомӣ дархост кард, Кремл аз ирсоли нерӯ худдорӣ кард?

В. Мухин: -Не, ин тавр нест. Нерӯ фиристодаанд. Ман ҳамин худи ҳамин рӯз мақолае навиштаам, ки дар он ҷо, яъне дар пойгоҳи Кант, як баталиони иборат аз 300 нафар бо силоҳу муҳиммташон фиристода шудааст. Командири бригадаи 31-уми Уляновск ҳам ҳозир дар он ҷо мебошад. Онҳо на танҳо пойгоҳи ҳавоии Кант, балки ҳамчунон сафорат ва дигар иншооти низомӣ ва аз ҷумла воҳиди низомии Русия дар Иссиккӯлро таҳти назорат гирифтаанд. Агар Отунбоева дархост намояд, шояд иншооти стратегӣ ба монанди обанборҳо ва ғайра зери назорати сарбозони рус қарор гирад. Ҳукумати Оутнбоева нигарон аст, ки вазъ аз сари нав ноором мешавад. Ба қавли ҳукумати муваққат, нерӯи сеюм дар паи ноором кардани кишвар аст.

Суол: -Ҷаноби Мухин, вақте нерӯи сеюм мегӯед, киро дар назар доред?

В. Мухин: - Бале, нерӯи сеюм ҳамон нерӯи мебошад, ки хоҳони хушунат дар Қирғизистон аст. Бисёриҳо аз он хавф доранд. Нерӯи сеюм ин Ҳаракати исломии Узбакистон ва пайравони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни Тоҷикистон аст, ки аз тарафи писари Боқиев киро шудаанд. Онҳо тирпаррониҳоро оғоз кардаанд. Бар илова ҳоло баъзе нерӯҳои сиёсӣ хоҳишманди маҳви Қирғизистон мебошанд. Ин нерӯҳои сиёсӣ дар Узбакистону Қазоқистон буда, мехоҳанд, ки Қирғизистонро байни худ тақсим кунанд. Вале Русия ба ин ҳеҷ гоҳ имкон намедиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG