Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати исломгароён дар даргириҳои Қирғизистон


Раиси Хадамоти амнияти Қирғизистон, Кенешбек Дуйшенбоев гуфтааст, хешовандони президенти барканоршуда Қурманбек Боқиев дар якҷоягӣ бо Толибон ва дигар ситезаҷӯёни исломӣ масъули даргириҳо дар ҷануби Қирғизистон мебошанд. Вай имрӯз дар Бишкек ба журналистон гуфт, писари Боқиев Максим дар моҳи апрели соли равон дар Дубай бо сарони Ҳаракати Исломии Узбакистон мулоқот кардааст. Дар моҳи май ду хешованди Боқиев бо намояндагони Толибон, собиқ Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ва Ҳаракати Исломии Узбакистон гуфтушунид доштаанд. Дар ин нишастҳо масъалаи ноором кардани вазъ дар ҷануби Қирғизистон баррасӣ шудаанд. Иттиҳоди оппозисюни тоҷик дар солҳои пас аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 пароканда шудааст, аммо эҳтимол меравад, ки бархе аз аъзои собиқи он фаъолияти ҳарбии хешро дар Афғонистон идома додаанд. Ба гуфтаи Дуйшенбоев, хонадони Боқиев барои иҷрои тарҳи худ дар ҷануби Қирғизистон то 30 миллион доллар ба харҷ додааст. Дар нооромиҳои Уш ва Ҷалолобод гуфта мешавад, зиёда аз 250 нафар кушта ва то 400 ҳазор нафар фирорӣ шуда, садҳо хона ва биноҳои маъмурӣ сӯзонда шуд.
XS
SM
MD
LG