Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пажӯҳиши ҷои таркишҳо дар шаҳри Душанбе


Кормандони амниятӣ ва ҷиноятшиносони Тоҷикистон, ки маҳалли ду ё се таркиш дар шаҳри Душанберо пажӯҳидаанд, мегӯянд, намунаи маводи тарканда аз ин ҷойҳо дастрас нашудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Маҳмадулло Асадуллоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз нигоҳи ҷиноятшиносон таркишҳое, ки дар байни соатҳои 10 ва 11-и шаби гузашта ба вуқӯъ пайвастанд, бештар садоӣ будаанд ва ба ин сабаб муайян кардани навъи маводи мунфаҷира душвор шудааст. Ҷаноби Асадуллоев афзуд, авзоъ дар шаҳр ором аст. Аммо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз афзоиши нерӯҳи амниятӣ дар шаҳр иттилоъ додаанд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳолатро ба давраи таҷлил аз Рӯзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шарқи кишвар бастагӣ дод.
XS
SM
MD
LG