Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бештари паноҳандагон ба Қирғизистон баргаштанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, бахши аъзами фирориён ба вилоятҳои Уш ва Ҷалолобод баргаштаанд ва ин раванд идома дорад. Ноиби раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон, Чолпонбек Турусбеков имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Аз соати 8-и субҳи рӯзи гузашта то 7-и бегоҳи имрӯз 25 867 паноҳанда ба Қирғизистон баргаштанд. Амалан, то ҳоло аз 75 ҳазор 70 ҳазор нафарашон ба Қирғизистон баграштаанд."


Узви ҳукумати муваққатӣ ва кафили вазири дифоъи Қирғизистон Исмоил Исҳоқов рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Уш бо фирориён мулоқот кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки фирориён хостаанд, то мақомот дар ҷустуҷӯи пайвандонашон мадад кунанд ва ҳамчунин онҳоеро, ки хонаҳояшон сӯхтаанд, бо хайма таъмин шаванд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ба думболи задухӯрдҳои миёни узбакҳову қирғизҳо тақрибан 400 ҳазор нафар вилоятҳои Уш ва Ҷалолободро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG