Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нархи транзити газро ба Беларус пардохтааст


Русия мегӯяд, қарзеро, ки аз транзити газро ба воситаи Беларус ҷамъ шуда буд, пардохтааст. Пештар мақомоти Русия Беларусро дар напардохтани нархи газ айбдор намуда, интиқоли газ ба Беларусро коҳиш дода буданд. Танҳо пас аз он ки Беларус 187 миллион доллар дод, интиқоли газ дар ҳаҷми комил оғоз ёфт. Минск мегуфт, Маскав мебоист 260 миллион доллар ҳаққи тарнзитро пардохт мекард. Сухангӯи ширкати давлатии "Газпром"-и Русия имрӯз гуфт, ба Минск 228 миллион доллар супурдааст. Баҳси ду ҷониб замоне ҳал шуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз таъсири манфии он ба кишварҳои аврупоӣ эътироз баён кард.
XS
SM
MD
LG