Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Санҷарбек Боқиев, бародарзодаи раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев боздошт шудааст. Санҷарбек Боқиев аз сӯи ҳукумати муваққат дар таҳрики бенизомиҳо дар вилояти Ҷалолобод муттаҳам мешавад.

Ҳамчунин бо иттиҳоми барангехтани низоъи қавмӣ сардабири нашрияи “Дидор” ва як имоми масҷид низ дастгир шудаанд.

Мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон наздикону пайвандон ва ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишварро дар ташкили бенизомиҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам мекунанд.

Аммо Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Минск ҳукумати муваққати кишварашро дар заъифӣ ва нотавонӣ барои таъмини эътидоли авзоъ дар ҷануби Қирғизистон айбдор кард. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ талоши дахолат ба сиёсати кишварро нахоҳад кард.

Ӯ гуфт: "Ман ҳоло барои таъсиргузорӣ ба сиёсат, ба раъйпурсӣ, ба ягон чиз аслан ҳеҷ талош намекунам, ҳатто кӯшиш мекунам, ки аз арзёбиҳо худдорӣ намоям. Ва аммо бо вуҷуди ин ҳама айбро ба сари мо бор мекунанд. Ман дар он чӣ, ки имрӯз дар ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад, ба ҳеҷ ваҷҳ ширкат карданӣ нестам".

Қурмонбек Боқиев ҳамчунин ҳадсзаниҳоро дар мавриди он ки ба Белорус миллионҳо доллар интиқол дода ва ба Минск барои пардохти қарзи гази Русия кумак кардааст, рад намуд.

Мақомоти Қирғизистон раисиҷумҳури собиқро дар даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар Бишкек дар авоили моҳи апрел айбдор мекунанд ва хостори истирдоди ӯ ба кишвар шудаанд.

Референдум баргузор мешавад ё не?

Қарор аст, рӯзи 27 -уми июн дар Қирғизистон раъйпурсии умумӣ ба манзури қабули Қонуни асоси нави ин кишвар доир шавад. Аммо Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо 300 нозири худро аз Қирғизистон берун кашидааст. Ин иттилоро як корманди дафтари САҲА дар Бишкек ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ таъйид кард.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо САҲА ба далели ташаннуҷи авзоъ дар Қирғизистон тасмими гирифт, ки нозиронашро аз Бишкек пас бихонад. Гуфта мешавад, дар чунин шароити ногувор дар Қирғизистон мондани нозирони САҲА ҳаргиз ба мақсад мувофиқ нест.

Дар ҳамин ҳол Галия Алимбекова, узви комиссиюни марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, гуфт, ки раъйдиҳии 27 июнро 36 намояндаи доимии САҲА назорат хоҳанд кард.

Як гурӯҳ сиёсатмадорони қирғиз низ ҷонибдори баргузории референдум нестанд. Ба ақидаи онҳо референдум авзоъ дар Бишкекро низ муташанниҷ хоҳад кард.

Аммо Турсунбек Охун, омбдусмени Қирғизистон, тайи як сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, итминони қавӣ дорад, ки ҳамапурсӣ ҳатман баргузор мешавад ва ба ин васила дар Қирғизистон суботу оромӣ барқарор мегардад.

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ки шумори қурбониёни ҳодисаҳои Ӯш ва Ҷалолобод дасти кам ба 260 нафар расидааст, ки 60 дарсади онҳо аз тири силоҳ кушта шудаанд.

Аммо тибқи хабарҳои расида дар вилояти Ӯш дар ҳудуди ҳазор нафар қурбониёни ин ҳодисаҳоро дафн кардаанд.
XS
SM
MD
LG