Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳодисаҳои хунину пурқурбонӣ дар ҷануби Қирғизистон ва хатароти он ба минтақа, ҳушдори Эрон ба Узбакситон дар мавриди бастани роҳи вагонҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон, ва рӯзи Ваҳдат аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳо дар ин ҳафта мебошад.

«Нигоҳ» зери сарлавҳаи «Ҷанги хунину бераҳмонаи Қирғизистон» талоше барои кушодани асрори гиреҳхӯрдаи ин ҷанги қавмиро дар ҷануби Қирғизистони ҳамсоя кардааст. Муаллифи ин мақола менависад, ки моҳи апрели соли равон дар Қирғизистон буд ва аз сӯҳбат бо сокинони он пай бурдааст, ки Русия дар инқилоби Қирғизистон нақши калидӣ дорад. «Аз замони фирори Боқиев, басо оромона ба ҳукумати муваққат фишор меовард, ки амрикоиҳоро аз «Манас» берун ронад. Ин таҳлилгар мегӯяд, Русия дар ҳалли қазияи Қирғизистон худро дур мегирад ва бо ин васила мехоҳад вазъият тезутундтар шавад, то моил кардани ҳукумат ба гузаштҳо, осонтар гардад.

«Азия -плюс» навиштааст, васоити ахбори умуми Қирғизистон, дар сар задани ҷанги қавмии миёни қирғизҳову узбкҳо дар Ушу Ҷалолобод, генерали тоҷик Абдулло Назаровро айбдор донистаанд. Ва хабарнигори Азия-плюс бо Абдулло Назаров, ки феълан раҳбарии раёсати амнияти миллиро дар Бадахшон бар ӯҳда дорад, телефонӣ дар тамос шудааст.

Абдулло Назаров ин иддаоҳои расонаҳои хабарии Қирғизистонро дар мавриди даст доштанаш дар ҳодисаҳои хунини ҷануби Қирғизистон, қатъиян инкор кард ва гуфт ин бӯҳтони маҳз аст.

«Фараж» дар мақолае бо номи «Пулакӣ шудани роҳ ба сулҳи кишвар хатар дорад» бо такя ба назари коршиносон ва намояндагони аҳзоби мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла навиштааст, «Агар ҳукумати Тоҷикистон худ имконияти нигоҳ доштани роҳро надошта бошад,бояд онро ба ширкатҳои дохилӣ, ки ба роҳсозӣ сару кор доранд, месупурд, на ба ширкате, ки дар кадом як кишвари хориҷӣ сабти ном шудааст.

«Миллат» дар саҳифаи аввали худ акси президенти Узбакистон Ислом Каримов ва вагонҳонҳои Тоҷикистонро ҷой дода пешинҳод кардааст, ки биёед аз харидории «Made in Uzbekistan”, яъне молҳои сохти ин кишвар, ки вақтҳои охир ворид бозорҳои Тоҷикистон мешаванд, даст кашем. Ин пешинҳод посух ба баста шудани роҳи садҳо вагони ҳомили бори мухталифи Тоикисон дар исгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон мебошад.

Ҳафтаномаи «Миллат» ҳамчунин мусоҳибае бо сафири Британия дар Тоҷикистон анҷом додааст, ки зимни он умдатан масъалаи роҳи пулакӣ ва ширкати IRS матраҳ шудааст.

Тревор Мур, сафари Бритониё дар Тоҷикистон дар ин мусоҳиба гуфтааст, муассисони ширктаи IRS ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва ин ширкат комилан ширкати британиягӣ нест.


«Тоҷикистон» посухи чанд тан аз аъзои собиқ Комиссияи оштии милии пешини Тоҷикистонро дар баробари ин суол, ки «Сулҳро кӣ ба Тоҷикистон овард?» нашр кардааст.

Тақрибан дар посухҳо ба таври рӯшан гуфта нашудааст кадом шахс сулҳро ба Тоҷикистон овардааст. Вале дар мавриди саҳми роҳбарони ду ҷониб Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари мухолифони пешини давлат ишораҳо ҳаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG