Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон, генерал Стэнли Маккристалро аз мақомаш барканор кард. Номзадии Дэвид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико барои раҳбарии нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон пешбарӣ шудааст.

Обама ба хабарнигорон гуфт, ки “ман истеъфои генерал Стэнли Маккристалро аз мақоми фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон пазируфтам. Ман ин тасмимро бо камоли таассуф ва бо итминоне гирифтам, ки он барои иҷрои рисолати мо дар Афғонистон, барои низомиёни мо, барои кишвари мо тасмими дуруст аст”.

Тасмим дар бораи истеъфои генерал Маккристал, вокуниш ба матлабе дар маҷаллаи "Rolling Stone" аст, ки дар он фармондеҳи воломақом дар бораи мақомоти кишвар, аз ҷумла, нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден баъзе ҳарфҳои носазо ва “калонгирона” задааст.

Дар ин матлаб, ки дар сомонаи интернетии "Rolling Stone" интишор ёфтааст ва аммо худи маҷалла рӯзи 25 июн дастрас хоҳад шуд, генерал Маккристал ва ёварони ӯ мушовири раисиҷумҳур дар бахши амнияти миллӣ Ҷим Ҷонсро “масхарабоз”-ро ном бурда, Барак Обамаро ба хотири омода набуданаш барои пазируфтани стратегия дар Афғонистон сарзаниш кардаанд.

Ҷо Байден ва сафири ИМА дар Афғонистон Карл Эйкенберрӣ ҳам ҳадафи масхара ва интиқоди генерал Маккристалу ёваронаш қарор гирифтаанд.

Мавқеъи барои фармондеҳ нораво

Барак Обама гуфт, ки тасмим дар бораи истеъфои фармондеҳи нерӯҳои кишвар дар Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ бо таҳқири худи ӯ ваё ихтилофи назари сиёсӣ бо Маккристал бастагӣ надорад. Дар ҳамин ҳол худи генерал Стэнли Маккристал изҳор намуд, ки аз стратегияи раисиҷумҳур дар Афғонистон комилан пуштибонӣ мекунад.

Барак Обама сабаби истеъфои генерал Маккристалро тавзеҳ карда гуфт, ки мавқеъи дар матлаби “Rolling Stone” баёншуда мутобиқ ба меъёрҳои рафтори фармондеҳ нест. Ӯ афзуд, ки “ин гуна мавқеъ принсип ё асли назорати шаҳрвандӣ аз болои амалҳои нерӯҳои мусаллаҳро халалдор мекунад, аслеро, ки дар меҳвари низомии демократии мо қарор дорад”.

Ба гуфтаи Обама ин мавқеъ ҳамчунин “эътимодро ба мо ҳамчун ба тими ягона, эътимодеро, ки барои расидан ба ҳадафҳо дар Афғонистон зарур аст, коҳиш медиҳад”.

Обама: Стратегия дар Афғонистон тағйир намеёбад

Барак Обама ҳамчунин гуфт, ки бо таъини генерал Дэвид Петреус ба мақоми фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон стратегияи низомии кишвар дар Афғонистон тағйир нахоҳад хурд ва ҳамчунин тасмими шурӯъи хуруҷи низомиён аз ин кишвар дар тобистони соли оянда побарҷо боқӣ хоҳад монд.

Гуфтугӯи Обама бо генерал Стэнлӣ Маккристал субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар дафтари раисиҷумҳур баргузор шуд. Низомии баландрутба қабл аз шурӯъи ҷаласаи ҳармоҳа оид ба масоили амниятӣ, ки Барак Обама доир мекунад, Кохи Сафедро тарк намуд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, ки Маккристал аризаи истеъфои худро қабл аз мулоқот бо Обама навишта буд.

Ёдовар мешавем, Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, рӯзи 21 июн, баъд аз чопи матлаб дар маҷаллаи Rolling Stone изҳори назари Маккристалро “иштибоҳи калон” хонд ва ба ӯ амр кард, ки барои сӯҳбати хусусӣ фавран ба Вошингтон биёяд.

Бори ахир ин гуна ҳодиса дар ИМА тақрибан 60 сол пеш рӯх дода буд. Соли 1951 раисиҷумҳур Ҳаррӣ Труман генерал Дуглас Макартерро аз мақомаш баъди он барканор намуд, ки номаи хусусии низомии воломақом бо интиқоди стратегияи Кохи Сафед оид ба Корея дастраси расонаҳои хабарӣ шуд.
XS
SM
MD
LG