Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти бародарзодаи Боқиев дар Ҷалолобод


Мақомоти Қирғизистон дар бораи боздошти Санҷарбек Боқиев, бародарзодаи раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев хабар доданд. Аз дафтари матбуоти ҳукумати муваққат ба хабаргузории Интерфакс гуфтанд, ки Санҷарбек дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи бенизомиҳо дар вилояти Ҷалолобод боздошт шудааст. Ҳамчунин бо иттиҳоми барангехтани низоъи қавмӣ сардабири нашрияи “Дидор” ва як имоми масҷид дастгир шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Минск ҳукумати муваққати кишварашро дар заъифӣ ва нотавонӣ барои эътидоли авзоъ дар ҷануби Қирғизистон айбдор кард. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ талоши дахолат ба сиёсати кишварро нахоҳад кард. Қурмонбек Боқиев ҳамчунин ҳадсзаниҳоро дар мавриди он ки ба Белорус миллионҳо доллар интиқол дода ва ба Минск барои пардохти қарзи гази Русия кумак кардааст, рад намуд.
Ҳукумати муваққати Қирғизистон раисиҷумҳури собиқро дар даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар Бишкек дар авоили моҳи апрел айбдор мекунанд ва хостори истирдоди ӯ ба кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG