Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада ба қабули сарони G-20 омода аст


Полиси шаҳри Торонтои Канада изҳор намуд, ки таҳдиде ба амнияти нишасти сарони 20 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон мавҷуд нест. Қарор аст, ки ин нишаст дар Торонто рӯзҳои 26 ва 27 июн баргузор шавад. Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти кишвар алайҳи марде, ки як рӯз қабл аз сӯи кормандони полиси масъули таъмини амният дар нишасти G-20 боздошт шуда буд, иттиҳом эълон карданд. Байрон Сони 37-сола дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳу маводи тарканда айбдор мешавад. Ба иттилоъи полис, онҳо айни ҳол хабари талоши ҳамлаи террористӣ алайҳи ширкатдорони нишастро тафтиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG