Пайвандҳои дастрасӣ

Обама МакКристалро аз мақомаш барканор кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, истеъфои генерал Стэнли Маккристалро пазируфт ва ҳамзамон номзадии фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Дэвид Петреусро барои раҳбарии нерӯҳои кишвар ва НАТО дар Афғонистон пешбарӣ намуд.
Тасмим дар бораи истеъфои генерал МакКристал – вокуниш ба матлабе дар маҷаллаи Rolling Stone аст, ки дар он фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон дар бораи раҳбарони кишвар, аз ҷумла, нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден баъзе ҳарфҳои носазо ва калонгирона задааст.
Барак Обама ба хабарнигорон гуфт, ки бо таъини генерал Дэвид Петреус ба мақоми фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон стратегияи низомии кишвар дар Афғонистон тағйир нахоҳад хурд ва ҳамчунин тасмими шурӯъи хуруҷи низомиён аз ин кишвар дар тобистони соли оянда побарҷо боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG