Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА хостори вуруди пулиси байналмиллалӣ ба Қирғизистон шуд


Имрӯз САҲА даъват кард, ки барои таъмини суботи вазъ дар Қирғизистон бояд дар ҷануби ин кишвар нируҳои пулиси байналмиллалӣ мустақар шавад. Киммо Килюннен-намояндаи вижаи САҲА дар Осиёи Марказӣ дар Бишкек ба хабарнигорон гуфт, ки то 100 нафар афсарони пулис метавонанд бозгашти амни паноҳҷӯёнро аз Узбакистон ба Қирғизистон таъмин кунанд. Вай дар ин бора тавзеҳоти бештар надод.
XS
SM
MD
LG