Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси газ миёни Маскав ва Минск авҷ мегирад


Бо авҷи бештар гирифтани баҳси қарзи Беларус аз Русия, Маскав сар аз имрӯз интиқоли гази табиияшро ба Беларус коҳиш медиҳад. Дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад, интиқоли газ аз Русия ба Беларус 60 дарсад камтар шудааст.

Ширкати "Газпром"-и Русия гуфтааст, ҳаҷми газ дар лӯлаи байни ду кишвар метавонад то 85 дарсад аз меъёри қаблияш камтар шавад.

Баҳси ду кишвар, ки ягон нишонаи поёни он ба мушоҳида намерасад, аллакай ба интиқоли газ дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таъсир кардааст. Ҷузъиёти ин муноқишаро, ки барои аврупоиён баҳси чанд сол пеши Русия ва Украинаро ба ёд меорад, аз ҳамкорамон Салими Аюбзод мешунавем:

Кӣ аз кӣ қарздор аст?

Ҳеҷ яке, на Русия ва на Беларус, зоҳиран омодагие ба мусолиҳа нишон намедиҳад. Маскав мегӯяд, Минск барои истифода аз гази Русия наздик ба 200 миллион доллар қарздор аст. Минск баръакс Маскавро ба напардохтани маблағи ҳатто бузургтаре барои транзити газ ба воситаи қаламрави Беларус айбдор мекунад. Дар идомаи ин баҳс, раиси ширкати давлатии "Газпром"-и Русия, Алексей Миллер, гуфт, интиқоли газ ба Беларус боз ҳам камтар хоҳад шуд.

Ҷаноби Миллер мегӯяд, азбаски Беларус барои ҳалли масъалаи қарз ҳеҷ иқдоме намекунад, сар аз соати 10-и субҳи рӯзи 23-юми июн интиқоли газ ба Беларус 60 дарсад камтар мешавад.

Ин севвумин коҳиш аст ва пештар "Газпром" интиқоли газро 15 дарсад кам карда буд. Ҳамзамон он таҳдид кард, ки дар ҳоли сарпечии Беларус аз пардохти вом ҳаҷми газ дар лулаи байни ду кишвар то 85 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Дар посух раисиҷумҳури Беларус, Александр Лукашенко дастур дод, ки интиқоли гази Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо коҳиш дода шавад. Вай бо муроҷиат ба вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров чунин гуфт:

"Ман шуморо ҳамчун вазири Русия огоҳ мекунам, ки "Газпром" то поёни моҳи май аз Беларус 260 миллион доллар қарздор аст ва ман фармон додам, ки то пардохти ин вом интиқоли газ ба воситаи қаламрави Беларус қатъ карда шавад."


Таъсири моҷаро ба кишварҳои Аврупо

Аммо зоҳиран иҷрои ин дастур зери суол аст ва раиси "Газпром" Миллер, гуфтааст, интиқоли газ аз қаламрави Беларус бемумониат идома дорад.

Миллер мегӯяд, интиқоли газ аз қаламрави Беларус ба ҳадди комил давом дорад ва ягон муштарии Русия аз камбуди газ шикоят накардааст.

Вале раиси порлумони Аврупо Йержӣ Бузек гуфт, баҳси Минску Маскав аллакай ба маҷрои газ барои Литва, Лаҳистон ва шарқи Олмон асар кардааст ва ин барои шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо аз аломати бадест. Вай гуфт, иттиҳод хоҳони амнияти таъмини газ аст ва мехоҳад мутмаин бошад, ки аз манобеи энержӣ бурида нахоҳад шуд.

Масъулони Иттиҳоди Аврупо муноқишаи газ ва қарзи Русияву Украинаро дар моҳи январи соли 2009 ба ёд меоранд, ки садҳо ҳазор нафарро дар Аврупо дар зимистони ба таври истисноӣ сард бе гармӣ ва сӯзишворӣ боқӣ гузошта буд. Русия гуфтааст, агар Беларус ҷараёни газро қатъ кунад, Маскав гази худро ба Аврупо ба воситаи Украина хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG