Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 000 паноҳҷӯ аз Узбакистон ба Қирғизистон баргашт


Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки тақрибан 35 000 паноҳҷӯ, ки дар рӯзҳои даргирии қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон кишварро тарк карда буданд, ба ватан баргаштаанд. Баъд аз оғози даргириҳои қавмӣ дар 10-ӯми июн дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон ҳудуди 100 000 нафар паноҳҷӯи узбак ба Узбакистони ҳамсоя паноҳ бурданд. Бино ба гузоришҳои мақомоти расмӣ, дар ин даргириҳо дастикам 240 нафар кушта, ҳазорон нафар ҷароҳат бардоштаанд. Минура Валиева як паноҳҷӯи узбак ҳангоми бозгашт аз Узбакистон ба шаҳри Ӯши Қирғизистон ба хабаргузории Ройтерз гуфт:

"Мо бо эҳсосоти талх бармегардем. Мо метарсем, ки бори дигар чунин ҳодиса рух надиҳад. Мо намехоҳем, ки бо касе чунин рух диҳад".

Раҳбарони ҳукумати муваққатӣ рӯзи сешанбе эълон карданд, ки моҳи сентябр интихоботи порламонӣ анҷом медиҳанд, то ҳар чӣ зудтар ҳукумати қонунӣ ташкил диҳанд.
XS
SM
MD
LG