Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз генерал Стейнлӣ мак Крнистал ҳимоят кард


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, барканории генерал Стейнлӣ мак Кристал-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон аз мақоми фармондеҳӣ раванди сулҳро дар ҷанги нӯҳсолаи Афғонистон ба ҳам мезанад. Мак Кристал имрӯз ба Кохи Сафед хоста шудааст, то дар бораи тавзеҳоташ дар маҷаллаи амрикоӣ бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфтугӯ кунад. Мулоқот пас аз он сурат мегирад, ки суханони зиддунақизи генерал дар маҷаллаи "Роуллинг Стоун"-и Амрико ба табъ расид. Обама мегӯяд, вай мехоҳад қабл аз гирифтани ҳар гуна тасмим бо худи генерал мустақиман сӯҳбат кунад. Ин тасмим ҳатто метавонад барканории генерал мак Кристал аз мақоми фармондеҳӣ бошад:
"Ба фикри ман, рӯшан аст, мақолае, ки дар он вай ва гурӯҳи вай ширкат кардаанд, дорои арзёбии заиф аст. Вале ман мехоҳам бо вай мустақиман сӯҳбат кунам ва мутмаин бошам, қабл аз он ки ҳар гуна тасмим бигирам".

Мак Кристал барои ин мақола дар маҷаллаи "Роуллинг Стоун" узр хост. Вай дар ин мақола дар бораи Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ва Ричард Ҳолбрук-фиристодаи Амрико барои Афғонистону Покистон тавзеҳоти манфӣ додааст.
XS
SM
MD
LG