Пайвандҳои дастрасӣ

Зарари бахши кишоварзӣ аз боздошти вагонҳои тухмӣ


Комиссияи вижаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон зарари расида ба бахши кишоварии ин кишварро аз боздошти вагонҳои тухмии картошка дар қаламрави Узбакистони ҳамсоя ҳисоб кардааст. Дар ин бора "Авеста" хабар додааст. Ин маблағ беш аз 1 миллион сомониро ташкил додааст. 17 дарсади тухмӣ вайрон шудааст ва барои кишт ба кор намеравад. Бино ба муққаррарот, интиқоли тухмии картошка набояд бештар аз 14-20 рӯзро дар бар бигирад.
XS
SM
MD
LG