Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия интиқоли газ ба Беларусро 60 дарсад қатъ кард


Дар идомаи мубоҳисот барои пардохт накардани қарзи газ Русия интиқоли газ ба Беларусро бори дигар маҳдуд кард. Алексей Миллер-раиси ширкати "Газпром"-и Русия гуфт, ширкаташ шурӯъ аз имрӯз интиқоли газ ба Беларусро 60 дарсад маҳдуд кардааст. Аммо вай афзуд, транзити газ тавассути қаламрави Беларус ба Аврупо пурра идома дорад:

"Транзити гази Русия аз қаламрави Беларус ба Аврупо пурра идома дорад ва масрафкунандагони гази Русия бо таъмини газ ҳеҷ мушкил эҳсос намекунанд".

Русия мегӯяд, Беларус тақрибан 200 миллион доллар қарздор аст. Вале Беларус дар ҷавоб мегӯяд, ки қарзи Русия аз Беларус барои транзити газ ба Аврупо бештар аз инро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG