Пайвандҳои дастрасӣ

Дастмузд ва нафақаи ҳади ақал дар Тоҷикистон боло рафт


Аз оғози моҳи июли соли ҷорӣ дастмузди ҳади ақал ва нафақаи ҳади ақал дар Тоҷикистон аз 60 сомонӣ ба 80 сомонӣ баробар мешавад, яъне аз 13,5 доллар ба 18 доллар мерасад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармоне имзо кардааст. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, барои иҷрои ин фармон аз будҷаи давлатӣ ҳудуди 10 миллион сомонӣ баробар бо 2,2 миллион доллар ихтисос дода мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 525 200 бознишаста ба сар мебарад. Ба ин рақам бознишастагоне, ки кор мекунанд, шомил намешаванд.
XS
SM
MD
LG