Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз 2 сол хуруҷи нируҳои Австралия шурӯъ мешавад


Имрӯз Ҷон Фолкнер-вазири дифои Австралия гуфт, мумкин аст кишвараш баъд аз ду сол, вақте ки нируҳояш тамрини сарбозони Афғонистонро ба поён мерасонанд, ба хуруҷи нируҳояш аз Афғонистон шурӯъ кунад. Ҳоло 1 550 нафар низомиёни Австралия дар ҷануби Афғонистон мустақаранд. Дар ду ҳафтаи ахир 5 сарбози ин кишвар кушта шуд ва бад-ин тариқ шумораи сарбозони кушташудаи Австралия дар Афғонистон ба 16 нафар расид.
XS
SM
MD
LG