Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи Абудабӣ ба Тоҷикистон $15 миллион қарз медиҳад


Сандуқи Рушди Абудабӣ ва ҳукумати Тоҷикистон бо ҳам мувофиқатномае имзо карданд, ки тибқи он ин сандуқ барои сохтмони роҳҳо ба Тоҷикистон 15 миллион доллар қарз медиҳад. Қарз барои 15 сол дар ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад ва дар двоми 5 соли аввал Тоҷикистон барои он танҳо 2 дарсад пардохт мекунад. Ин маблағ дар тарҳи сохтмони роҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб истифода хоҳад шуд. Сохтмони роҳ бояд дар зарфи се сол ба поён расад. Дар ин бора хабаргузориҳои Тоҷикистон инттилоъ додаанд.
XS
SM
MD
LG