Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як баёния гуфтааст, аъмоли нерӯҳои тахрибкор ва номаълум дар Қирғизистон, ки мехостанд ба бунёди ҳамзистӣ, ҳамсоягӣ ва эҳтироми мутақобилаи мардумони Осиёи Марказӣ рахна ворид кунанд ва дар Қирғизистон бенизомиро ҷорӣ намоянд, бояд дастаҷамъона маҳкум шавад.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳаводиси ахири Қирғизистон бояд ба сурати ҷиддӣ пажӯҳиш ва баррасӣ шавад.

Дар баяния омадааст, «шакке нест, ки идомаи ташаннуҷи авзоъ ва густариши низои қавмӣ метавонад мунҷар ба пайомадҳои сангин ва эҷоди ҳалқаҳои ташаннуҷ дар минтақа ва берун аз он шавад».

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки ба хотири барқарории суботу амният Қирғизистон имрӯз ба иттиҳоди нерӯҳои солимфикр ниёз дорад, то битавонанд ваҳдати миллиро таъмин намоянд.

Ин дуввумин вокуниши мақомоти Тоҷикистон дар робита ба нооромиҳои ахир дар кишвари ҳамсоя аст. Қаблан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба изҳороти як мақоми баландпояи қирғиз дар мавриди ширкати тоҷикҳо дар нооромиҳои ин кишвар аз ниҳодҳои амниятии Қирғизистон тақозо кард, то ин хабарро бо далелҳо шарҳ диҳанд.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов тақозо анмуд, ки дар сурати исбот нашудани ин иттиҳомот ҷониби Қирғизистон тариқи васоити ахбори омма пӯзиш пурсад.

Кӯмакҳои башарии Ҷиргатол ба Ӯш

Асомиддин Саидов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек, 23 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз ноҳияи Ҷиргатоли кишвараш 56 тонна маводи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми вилояти Ӯши Қирғизистон фиристода шуд, ки дар ҳодисаҳои ахир осеб дидаанд.

Гуфта мешавад, ин маводи башардӯстона, ки асосан аз маводи хӯрока иборат аст.

Асомиддин Саидов ҳамчунин тазаккур дод, ки дар ин рӯзҳо ҳамчунин аз ноҳияи Мурғоби Бадахшон низ ба вилояти Ӯш кӯмакҳои башарӣ иборат аз орду гӯшт ва маводи дигари ғизоӣ мунтақил ёфтааст. Инчунин аз вилояти Суғд низ 180 тонна маводи кӯмакҳои башардӯстонаро ба Ӯш расидааст.

Ба гуфтаи Асомиддин Саидов Тоҷикистон дар ин рӯзҳои барои Қирғизистон мушкил дар маҷмӯъ 252 тонна маводи башардӯстонаро дар ихтиёри мардуми осебдидаи ин кишвар гузоштааст.

Аз дар байни даҳ кишваре қарор дорад, ки ба Қирғизистон кумакҳои фаврии башардӯстона расондаанд ва дар ин феҳрист ҷойҳои аввалро кишвари мардумии Чин, ИМА ва Русия ишғол мекунанд.

Референдум баргузор мешавад ё не?

Дар ҳоле, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон пофишорӣ дорад, ки 27 июн референдум баргузор хоҳад шуд, аммо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо 300 нозири худро аз қаламрави ин кишвар берун кашидааст. Ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, авзоъ дар Қирғизистон ба ташаннуҷ рӯбарӯст ва дар чунин шароит дар Қирғизистон мондани нозирони он ҳаргиз ба мақсад мувофиқ нест.

Ба гуфтаи Галлия Алимбекова, узви комиссиюни марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, раъйдиҳии 27 июнро фақат 36 намояндаи доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо назорат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳ сиёсатмадорони қирғиз ҷонибдори баргузории референдум нестанд. Ба ақидаи онҳо референдум авзоъ дар Бишкекро низ муташанниҷ хоҳад кард.

Авзоъ дар Ӯш чаро беҳбуд намеёбад?

Тибқи хабарҳои расида аз вилояти Ӯш кормандони умури интизомӣ зимни поккрории минтақаҳои ӯзбекнишин амволи мардумро ба тороҷ мебаранд. Хабаргузории «24.kg» аз қавли Малика Наматбоева, як сокини деҳаи Саритоши вилояти Ӯш, навиштааст, ки афроди низомипӯш дар маҳаллаи «Шаҳид-бобо»-и шаҳр ҳар чӣ ба дасташон афтид, ба ғорат мебаранд.

Ӯ гуфтааст, ҳеҷ кас наметавонад дар муқобили ин амали милисаҳо аксуламале нишон диҳад, дар сурати вокуниши манфӣ ҳатман мавриди латту кӯб қарор хоҳад гирифт.

Бино ба ин хабаргузорӣ Толекан Исмоилова, раиси созмони ҳуқуқи башари «Шаҳарвандон алайҳи ришватхорӣ» ин гуфтаҳои Малика Наматбоеваро таъйид кардааст.

Ба гуфтаи Толекан Исмоилова ин як амали ғоратгаронаи афроди либоси низомипӯш дар муқобили мардуми осудаи шаҳри Ӯш аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG