Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон фаро хонда шуд


Стенлӣ Маккристал, фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон

Стенлӣ Маккристал, фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон

Раисиҷумҳури Амрико фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ Маккристалро ба далели интиқоди давлати Амрико дар як гуфтугӯ бо маҷаллаи маъруфи “Ролинг Стоунс” барои сӯҳбат ба Вошингтон фаро хондааст.

Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи сафед, гуфт, генерал Стенлӣ Маккристал дар мусоҳибааш бо маҷаллаи “Ролинг Стоунс” ба “иштибоҳи калон” роҳ додааст. Вай иттилоъ дод, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико генералро барои ширкат дар нишасте бахшида ба ҷанг дар Афғонистон ва ташреҳи бештар дар бораи мусоҳибааш бо маҷалла даъват кардааст.

"Иштибоҳи бузург"-и генерал

Роберт Гиббс гуфт, “бидуни шубҳа, генерал МакКристал, тавре ки вазири дифоъ Гейтс гуфтааст, иштибоҳи калон содир кардааст, иштибоҳе, ки онро генерал метавонад рӯзи чоршанбе ҳам бо мақомоти расмӣ дар Пентагон ва ҳам бо фармондеҳи олӣ баррасӣ кунад”.

Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки генерал Маккристал бори дигар барои баъзе гуфтаҳояш дар маҷаллаи “Ролинг стоунс” самимона узрхоҳӣ кардааст.

Дар он мусоҳиба Маккристал шикоят намуда буд, ки вақте вай аз Кохи сафед нерӯи бештар талаб мекард, Обама ӯро дар вазъи бисёр ногувор гузошт. Дар маҷалла ҳамчунин ҳарфҳои ношоёни генерал дар бораи Ҷо Байден - муовини раисиҷумҳури Амрико, Карл Эйкенберӣ - сафири ИМА дар Афғонистон ва Ричард Ҳолбрук - фиристодаи вижаи Вошингтон дар Покистону Афғонистон ҷой дода шудааст.

Интиқоди Обама ва муовини ӯ

Дар мусоҳибааш бо маҷаллаи “Роилнг Стоунс” генерал Маккристал вохӯриаш бо Барак Обамаро беаҳамият хонда, Ҷо Байденро тамасхур кардааст. Генерал инчунин гуфтааст, ки сафир Эйкенберӣ дар баҳси сиёсӣ ба вай хиёнат кардааст.

Маҷалла аз номи генерал навиштааст, ки Ҷо Байден дар назди афсарон генерали бознишаста ва мушовири амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс ва фиристодаи вижаи Вошингтон дар Покистону Афғонистон Ричард Ҳолбрукро масхара мекард.

Дирӯз Макристал барои чоп шудани мақола узрхоҳӣ намуда, онро иштибоҳи қазовати заифи худ хонд. Ӯ гуфт, ки ба раисиҷумҳур ва мушовирони амниятии вай эҳтироми беандоза дорад ва бо онҳо дар тамос шуда узр хостааст.

Роберт Гибс аз посух ба ин савол, ки Пентагон генералро ба истеъфо мефиристад ё не, худдорӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG