Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори тавзеҳоти МакКристал хоҳад шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА гуфт, ки қабл аз тасмим дар робита ба ихроҷи генерал Стэнлӣ МакКристал мехоҳад худаш тавзеҳоти фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ ва амрикоӣ дар Афғонистонро бишнавад. Қарор аст, ки имрӯз Обама генералро ба ҳузур бипазирад.
Генерал Стэнлӣ МакКристал, дар сӯҳбат бо нашрияи Rolling Stone бархе аз раҳбарони кишварро ҳадафи танқид қарор дода буд ва баъдан барои ин узр хост. Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, изҳори назари МакКристалро “иштибоҳи калон” хонд ва ба ӯ амр кард, ки барои сӯҳбати хусусӣ ба Вошингтон биёяд. Намояндаи Кохи Сафед Роберт Гиббс ба хабарнигорон гуфт, ки "бидуни шубҳа, генерал МакКристал, тавре вазири дифоъ Гейтс гуфтааст, иштибоҳи калон содир кардааст, иштибоҳе, ки онро генерал метавонад рӯзи чоршанбе ҳам бо мақомоти расмӣ дар Пентагон ва ҳам бо фармондеҳи олӣ баррасӣ кунад".
Фармондеҳи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон нойиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ва ҳамчунин сафири Амрико дар Кобул ва фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Покистонро сахт интиқод ва ҳатто масхара кардааст. Аз ин пеш Байден эълом дошт, ки бо стратегияи генерал МакКристал дар ҷанги Афғонистон мувофиқ нест.
XS
SM
MD
LG