Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон 8 маҳбуси фирорӣ боздошт шуданд


Кормандони полиси Қазоқистон 8 тан аз маҳбусони аз маҳбаси низомаш шадид фироркардаро дастгир намуданд ва аммо 13 нафари онҳо то ҳол дар озодиянд. Сухангӯи вазорати адлияи Қазоқистон Эрбулат Ёримбет ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе 21 маҳбус бо кумаки гурӯҳи ношиноси савори ду мошин аз маҳбаси низомаш шадид воқеъ дар вилояти Мангустай фирор карданд. Аъзои ин гурӯҳ ба назди девори маҳбас расида, сӯи муҳофизон оташ кушоданд. Ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG