Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Ҷалолобод хостори бозгашти фирориён шуд


Бектур Ҳасанов, волии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, рӯзи сешанбе дар шаҳри Андиҷони Ӯзбакистон бо паноҳандагони ӯзбак мулоқот кард. Ӯ гуфт, "ман кафолат медиҳам, ки иншооллоҳ, ҳама чиз хуб мешавад. Қарор қабул шудааст, ки ҳама одамони хонаҳояшон сӯхта ё валангоршуда ҷуброни молиявӣ бигиранд. Мо тақрибан 500 тонна маводи озуқа гирифтем ва онро миёни онҳо тақсим мекунем, ки ба Ҷалолобод бармегарданд. Одамони беманзил соҳиби хайма хоҳанд шуд. Ҳафтаи оянда мо додани маблағу масолеҳи бинокориро шурӯъ мекунем".
Гуфта мешавад, ки бар асари низоъи қавмӣ вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободро тақрибан 400 ҳазор ӯзбакҳои муқими ҷануби Қирғизистон тарк гуфтаанд. Низоъ миёни қирғизҳову ӯзбакҳо мунҷар ба ҳалокати 251 нафар шуд. Дар ин ҳаводис беш аз 2 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG