Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Бузек аз коҳиши интиқоли газ ба Аврупо


Раиси Парлумони Аврупо Ежи Бузек изҳор намуд, ки содироти гази Русия ба Литва, Олмони шарқӣ ва Лаҳистон коҳиш ёфтааст. Дар ин бора ӯ дар мулоқот бо вазири энерҷии Русия Сергей Шматко дар Маскав хабар дод. Шматко, дар навбати худ, гуфт, ки ӯ ин гуна иттилоъро зери даст надорад. Расонаҳо коҳиши воридоти газ ба бархе аз кишварҳои аврупоиро бо тасмими Минск барои маҳдуд сохтани транзити гази Русия аз тариқи хоки кишвар марбут карданд.
Ширкати “Газпром” эълом дошт, ки бар асари аз сӯи Минск пардохт нашудани қарз, интиқоли ин маводи сӯхт барои Белорусро 30 дар сад кам кардааст. Ба думболи ин раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко амр кард, ки транзити гази Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо 30 дар сад коҳиш дода шавад. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, шурӯъ аз дирӯз баъзе нерӯгоҳҳои Белорус ба истифодаи дигар навъҳои маводи сӯхт гузаштанд ва интиқоли газ ба муассисаҳои саноатӣ кам карда шудааст.
XS
SM
MD
LG