Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми ҷаҳон-2010: Боз ду даста дар ҳаштякфинал


Дар сабқати Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Африқои ҷанубӣ, идома дорад, дастаҳои Аргентина ва Кореяи Ҷанубӣ ба бозиҳои ҳаштякфиналӣ роҳ ёфтанд. Дастаи Аргентина аз болои дастаи Юнон бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд, бозии дастаҳои Кореяи ҷанубӣ ва Нигерия мусовӣ (2 бар 2) поён ёфт. Дастаи Фаронса боз як бозиро, ин дафъа ба тими мизбонон – Африқои ҷанубӣ, бо ҳисоби 1 бар 2 бохт ва аз идомаи ширкат дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон маҳрум шуд. Дирӯз ҳамчунин дастаи Уругвай бар дастаи Мексика бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.
Имрӯз бозиҳои тимҳои Словения ва Англия, Алҷазоир ва ИМА, Австралия ва Сербия ва Ганаву Олмон баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG