Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои қирғиз узбакҳоро заданд ва боздошт карданд


Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, имрӯз нируҳои Қирғизистон даҳҳо нафар мардону занонро дар як маҳаллаи узбакнишини ҷануби Қирғизистон дар ҷараёни як амалиёт лату кӯб кардаанд. Анна Нейстат-муҳаққиқи Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, нируҳои Қирғизистон ҳамаи мардонро рӯ ба замин рӯи фарш хобондаанд ва онҳоро задаанд. 12 нафар боздошт шудааст. Хонум Нейстат ҳамчунин гуфт, нируҳо баъзе занонро задаанд ва дороии онҳоро рабудаанд. Амалиёти имрӯз барои аз миён бардоштани монеаҳо аз роҳҳои вурудии маҳаллоти узбакнишин анҷом гирифт.
XS
SM
MD
LG