Пайвандҳои дастрасӣ

СММ баъзе Толибонро "сафед" мекунад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз гуфт, СММ розӣ шудааст, ки баъзе аз афроди Толибонро аз феҳристи сиёҳи СММ бардорад. Аз ин феҳрист номи онҳоеро хат мезананд, ки иртиботи худро бо Ал Қоида қатъ мекунанд. Имрӯз намояндагони 15 кишвари узви Шӯрои Амнияти СММ дар Кобул феҳристи номи чунин Толибонро бозбинӣ мекарданд. 2-4-ӯми июн дар ҷиргаи мардумии Афғонистон даъват шуда буд, ки номи баъзе аз шахсиятҳои Толибон аз феҳристи сиёҳ бароварда шавад. Тибқи қатъномаи шумораи 1267-и Шӯрои Амнияти СММ дороии 137 нафар аъзои Толибон ба ҳолати рукуд даромадааст ва сафар кардани онҳо маҳдуд шудааст. Аз миёни онҳо ҳоло дастикам 5 нафар узви порламон ҳастанд ё дар музокироти миёни Толибону ҳукумат миёнравӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG