Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 20 нишонзан боздошт шуд.Онҳо кианд?


Бино ба хабари АКИ пресс, дар Қирғизистон 20 нишонзан боздошт шудаанд, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Кенешбек Душебаев-раиси хадамоти амнияти Қирғизстон дар ин бора хабар додааст. Бино ба ин хабар, то ҳол рӯшан нашудааст, ки оё онҳо дар нооромиҳо нақши фаъол доштаанд ва вазифаашон аз чӣ иборат будааст. Кенешбек гуфт, ба парвандаи онҳо бояд расидагӣ шавад ва додгоҳ рӯшан кунад, ки гуноҳи онҳо чӣ будааст. Кенешбек гуфт, Қубатбек Байболов-муовини вай бидуни эҳтиёт онҳоро шаҳрванди Тоҷикистон номидааст ва қабл аз вақт хабарро пахш кардааст.
XS
SM
MD
LG