Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати Қирғизистон аз урдугоҳи паноҳҷӯён боздид кард


Як ҳайати расмӣ аз вилояти Ҷалолободи Қирғизистон имрӯз аз урдугоҳи паноҳҷӯёни узбак дар қаламрави Узбакистони ҳамсоя боздид ва аз понҳоҳҷӯён дархост кард, ки ба хонаҳои худ баргарданд. Бектур Асанов-раиси вилояти Ҷалолобод ва раҳбари ҳайати Қирғизистон бо Баҳодур Матлубов-вазири дохила ва Турсун Худойбердиев-вазири умури изтирории Узбакистон дар Андиҷон мулоқот кард. Онҳо аз чанд урдугоҳ, ки дар онҳо паноҳҷӯёни узбаки Қирғизистон ба сар мебаранд, боздид карданд. Асанов дар мулоқот бо паноҳҷӯён аз онҳо хост, ки ба хонаҳояшон баргарданд ва афзуд, ки вазъ зери контрол даромадааст. Аҳмадҷон Усмонов-раиси вилояти Андиҷони Узбакистон ба ҳайати Қирғизистон гуфт, ки ҳоло 75 000 паноҳҷӯ дар 57 урдугоҳ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG