Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Аврупо ба дастури Лукашенко оид ба қатъи газ


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус дастур дод, ки транзити гази Русияро ба Аврупо бибанданд. Ин дар ҳолест, ки Русия барои пардохт накардани ҳақи газ ба Русия сеяки интиқоли газ ба Беларусро қатъ кард. Лукашенко ин тасмими худро дар мулоқот бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Минск изҳор дошт. Лукашенко дар мулоқот гуфтааст, ки баҳси газ бо Русия ба "ҷанги газ" мубаддал шудааст. Хонум Марлин Ҳолзнер-суухангӯи Комиссияи Аврупо дар нишасти хабарие дар Бруссел гуфт:

"Мо умедворем, ки аз ин интиқоли газ ба Иттиҳодияи Аврупо зарар нахоҳад дид ва интизорем, ки ӯҳдадориҳои созишнома иҷро хоҳанд шуд".

Қаблан ширкати "Газпром"-и Русия эълон кард, ки маҳдудияти интиқоли газ ба Беларусро ба 30 дарсад мерасонад, зеро Беларус барои пардохти қарзҳои худ тасмиме нагирифтааст. Ин қарзҳо тақрибан 200 миллион доллар шумурда шудааст.
XS
SM
MD
LG