Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мак Кристалро аз Кобул ба Вошингтон даъват карданд


Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, ба генерал Стенлӣ мак Кристал-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон дастур дода шудааст, ки барои тавзеҳот дар бораи суханонаш дар маҷаллаи "Роллинг Стоун" ба Амрико баргардад. Вай зимни суханонаш дар маҷаллаи мазкур аз мақомоти расмии давлати Барак Обама интиқод кардааст. Ин суханон аз номи манобеи номаълум дар ҳоле ба нашр расидааст, ки генерал мак Кристал барои чунин тавзеҳоташ дар маҷаллаи "Роллинг Стоун" "самимона узрхоҳӣ" кардааст. Вай гуфтааст, ин тавзеҳот "иштибоҳе холӣ аз арзёбӣ" будааст.

XS
SM
MD
LG