Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон фаъолияти ширкати ИРС ЛТД-ро қонунӣ медонанд


Комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон қарордоди миёни Тоҷикистон ва ширкати "Инновейтив Роуд Солюшинз"-ро қонунӣ эътироф кард. Дар ин бора вазорати нақлиёт ва алоқа хабар додааст. Мирхоҷа Мирзоҷалолов-сухангӯи ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфт:

"Ин масъала конунист ва фикр мекунам, ки бо ҳамин бо қонунӣ амал кардани ширкати "Инновейтив Роуд Солюшинз ЛТД" нуқтаи таммат гузошта шуд.

Сухангӯи вазорат афзуд, қарордоде, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкат ба имзо расидааст, ба ҳамаи муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқат мекунад. Дар ҳайати ин комиссия намояндагон аз вазорати рушди иқтисоду тиҷорат, вазорати молия, вазорати адлия ва нақлиёту алоқа, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи умури давлатӣ ва Ожонси зиддимонополӣ шомил буданд.
XS
SM
MD
LG